Шуруъ аз 18 феврал сокинони Тоҷикистон 16 соат дар як шабонарӯз бо неруи барқ таъмин мегарданд

Февраль 18, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои сокинони мамлакат  мерасонад, ки шуруъ аз 18 феврали соли равон маҳдудияти шабонаи интиқоли энергияи барқ пурра бекор карда шуд.

‎‎Тибқи хабари манбаъ, он минтақаҳое, ки қаблан ба онҳо 8 соат барқ интиқол дода мешуд, тибқи реҷаи нав, дар як шабонарӯз 16 соат —  аз соати 15:00 то 08:00 бо энергияи барқ таъмин карда мешаванд.

Дар ин замина сокинони Тоҷикистон даъват карда мешаванд, ки барои нигоҳ доштани устувории низоми энергетикӣ неруи барқро самаранок ва сарфакорона истифода намоянд.

Инчунин гуфта мешавад, ки баробари зиёд шудани резиши об дар дарёи Вахш ва афзоиш ёфтани истеҳсоли энергияи барқ дар силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш сокинон бе маҳдудият бо барқ таъмин мегарданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 18, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?