SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд

Февраль 25, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. eSIM тадриҷан дар дастгоҳҳои мобилӣ ҷойи симкортҳои маъмулии воқеиро мегирад. Сабаби он муносибӣ ва бехатарии кортҳои электронӣ ба ҳисоб меравад. Бартариҳои технология ва тарзи пайваст кардани eSIM-ро хотиррасон мекунем.

Кортҳое, ки намешикананд

 eSIM-ҳо микросхемаҳои дар смартфон васлшуда мебошанд. Онҳоро ҳангоми аз нав фаъол кардан дар дигар дастгоҳ гирифтан зарур нест, пас ин маънои онро дорад, ки онҳо намешикананд ва гум ҳам намешаванд. Илова бар ин, метавон шаклҳои гуногунро фаромӯш кард: eSIM ҷойи дилхоҳ SIM-корт – пурраҳаҷм, хурд, микро ё нано SIM-кортҳоро мегирад.

Якчанд рақам – як дастгоҳ

Бо eSIM ҷудокунии алоқаи шахсӣ ва корӣ ё истифодаи рақамҳои иловагӣ бе насби SIM-корти дуюм осон аст. Ин барои корбарони фаъол хеле мувофиқ аст.

Як корт барои тамоми ҷаҳон

Бо корти электронӣ ҳатто дар хориҷи ҷумҳурӣ дигар ҷустуҷӯи SIM-ҳои маҳаллӣ зарур намеояд. Танҳо боргирӣ кардани профили нав бо сканкунии QR-рамз кофӣ аст.

Технологияи оянда барои дастгоҳҳои ҳушманд

Қариб дар ҳама моделҳои муосири смартфонҳо технологияи eSIM дастрас аст ё онҳо аллакай пурра ба кортҳои электронӣ нигаронида шудаанд —  ба монанди iPhone 14. Имконияти истифодаи eSIM-ро дар танзимоти телефон ё дар сомонаи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» санҷидан мумкин аст. Аммо eSIM дар дигар гаджетҳое, ки дорои слотҳо барои кортҳои воқеӣ нестанд, истифода бурда мешавад: ноутбукҳо, планшетҳо, соатҳои доно.

eSIM-ро чӣ тавр пайваст кардан мумкин аст

Дар ҷумҳурии мо ширкати «МегаФон Тоҷикистон» аввалин шуда, технологияи eSIM-ро ҷорӣ кард. Оператор ба муштариён ду усулро пешниҳод менамояд: пайвасткунӣ дар идораҳои хизматрасонӣ (ҳангоми доштани шиноснома ва смартфон) ва онлайн – тавассути замимаи мобилии «МегаФон Life». Усули дуюм махсусан муносиб аст: eSIM-ро дар дилхоҳ ҷой фаъол кардан мумкин аст. Дар замима қисми «Мушовир ва чатҳо»-ро бояд интихоб кард, мавзуи муроҷиатро «eSIM» нишон дода, дастурҳои мутахассисро риоя кардан зарур аст.

Ҳангоми фаъолгардонии eSIM барои мушаххаскунӣ заруранд:

— акси шиноснома (аз ду тараф);

— селфи бо ҳуҷҷат;

— тасдиқкунии шахсият тавассути SMS-рамз.

Баъди санҷидани маълумот ба рақами муштарӣ суроға барои фаъолгардонии eSIM ворид мегардад.

Арзиши он чӣ қадар аст

Барои муштариёни нави ширкати «МегаФон Тоҷикистон» пайвасткунии аввалини eSIM ройгон мебошад – ин амалро ҳангоми бақайдгирӣ дар шабакаи оператор анҷом додан мумкин аст. Пардохт дар ҳаҷми 10 сомонӣ танҳо ҳангоми гузаштан аз SIM-корти воқеӣ ба eSIM, инчунин ҳангоми ивази рақам ё истифодаи eSIM дар дигар дастгоҳ гирифта мешавад.

Алоқаи мобилӣ тағйир меёбад – ба имконияти нав аллакай имрӯз пайваст шавед!

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

 

Февраль 25, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид