Соли 2025 ба Тоҷикистон беш аз 1 миллион тонна гандум ворид карда шуд

Февраль 8, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 08.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 ба Тоҷикистон аз ҷониби 78 субъекти хоҷагидор 1 миллиону 278 ҳазору 400 тонна гандум ба маблағи 300 миллиону 953 ҳазор доллар бо нархи миёнаи 235 доллар барои 1 тонна ворид гардидааст. Воридоти гандум нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 220,6 ҳазор тонна ба маблағи 26,4 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус 6 феврал зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдаралӣ Раҷабзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки соли 2025 дар ҷумҳурӣ 811,3 ҳазор тонна гандум истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 69,4 ҳазор тонна ё 7,9 фоиз коҳиш ёфтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра ба ҷумҳурӣ 51,9 ҳазор тонна орд ба маблағи 16,2 миллион доллар аз ҷониби ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Дурахши Осиё», «Сахад», «Таҷ Тур» ва дигар субъектони хоҷагидор ворид карда шуд. Дар баробари ин, соли 2025 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 693,8 ҳазор тонна орд истеҳсол карда шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли он нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 23,6 ҳазор тонна ё 3,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад