Соли 2025 дар самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон 128 санади байналмилалӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 07.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 128 санади байналмилалӣ ба имзо расида, 17 санади байналмилалӣ мавриди эътибор қарор гирифт. Дар ин хусус 6 феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишастӣ матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иброз дошт, ки соли 2025 аз ҷониби вазорат дар маҷмуъ 67 санад барои қабул ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардида, 36 санад барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагон ирсол карда шуд.
Ин тадбирҳо ба таҳкими равобити байналмилалӣ ва беҳтар гардидани хизматрасонии консулӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамчунин дар ҷараёни нишаст гуфта шуд, ки соли 2025 ҷаласаҳои муштараки комиссияҳои байниҳукуматии иқтисодии Тоҷикистон бо Кувайт, Узбекистон, Арманистон, Эрон, Ҷопон, Беларус, Қазоқистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардиданд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд






