Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 15.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз ҷониби шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 6 миллиону 400 ҳазор амалиёти ғайринақдии пардохти андоз ва боҷҳо тавассути POS – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба маблағи зиёда аз 2 миллиарду 800 миллион сомонӣ гузаронида шудааст. Дар ин хусус 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии насли нав ва воситаҳои электронии пардохтӣ пеш аз ҳама, ба афзоиши гардиши пулӣ тавассути кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ, зиёд намудани ҳиссаи муомилоти ғайринақдӣ, коҳишёбии сатҳи иқтисодиёти пинҳонӣ, таъмини самаранокии рушди маъмурикунонии андоз, дарёфти манбаҳои иловагии андозбандӣ ва баланд бардоштани маданияти андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон мусоидат менамояд.
Нусратулло Давлатзода таъкид намуд, ки тайи солҳои охир номгӯйи модулҳои барномавии системаи иттилоотии андоз ва хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз васеъ карда шуд. Тавассути онҳо барои андозсупорандагон ва шаҳрвандон то инҷониб 45 хизматрасонии электронӣ ба роҳ монда шудааст, ки ташкили чунин хизматрасониҳо барои содаю созгор намудани иҷрои уҳдадориҳои андозии онҳо мусоидат менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд, 62 ҳазор зиёд карда шудааст. Дар айни замон, беш аз 252 ҳазор субъекти хоҷагидор эъломия ва ҳисоботи худро тариқи электронӣ ба мақомоти андоз пешниҳод намуда истодаанд, ки 98 фоизи шумораи умумии субъектҳои хоҷагидори ҳисоботдиҳандаро ташкил медиҳад».
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид






