Таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафоти неруи барқ ҷаласаи корӣ доир шуд

Февраль 11, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии истифодаи неруи барқ, паст кардани талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда ҷаласа баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҷаласа таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода баргузор гардида, дар он натиҷаи фаъолияти филиалҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе дар моҳи январи соли 2026 ва рафти иҷрои супоришҳои додашудаи комиссияи кории доимамалкунанда аз 7 октябри соли 2025 оид ба истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ дар филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ»  дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласа вазъи воқеии зеристгоҳҳои барқӣ, омилҳои асосии афзоиши талафоти неруи барқ, нишондиҳандаҳои тиҷоратӣ, қарздорӣ, ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда ва аз меъёри муқарраргардида зиёд истифода бурдани неруи барқ таҳлил гардиданд.

Инчунин директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабақаҳои тақсимоти барқ» Маноҷ Салви ҳисобот пешниҳод намуд.  Иттилоъ дода шуд, ки моҳи январи соли равон талафоти неруи барқ дар филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе 9,77 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025  10,78 фоиз кам мебошад.

Дар ҷаласа ҳамзамон директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Таҷикистон Сорбон Холмуродзода оид ба бартараф намудани камбудиҳо ва иҷрои супоришҳои дар ҷаласаи қаблӣ додашуда изҳори назар намуд.

Иброз гардид, ки таъмини рушди иқтисодиёт, аз ҷумла истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд. Соҳаи энергетика яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими мамлакат эътироф гардида, дар даврони соҳибистиқлолӣ якчанд барномаҳои  миллӣ барои рушди соҳаи энергетика қабул ва мавриди татбиқ қарор дода шуданд.

Дар ҷаласа мавзуъҳои расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини устувори неруи барқ, фаъолияти неругоҳҳои барқи обии мамлакат, истеҳсоли барқ, лоиҳаҳои бахши энергетика, низоми биллингӣ, ҳисобкунакҳои барқӣ, талафоти неруи барқ ва дигар масъалаҳои соҳа баррасӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии насб ва истифодаи таҷҳизоти истеҳсоли криптоасъор, ғайримақсадноку ғайриқонунии истифодаи неруи барқ, паст кардани талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқи истифодашуда аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор ва Котиби Шурои амният комиссияи кории доимамалкунанда бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода таъсис дода шудааст.

Пас аз ҳисоботи масъулини мақомоти назоратию иҷроия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода оид ба пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзуи мавриди назар, инчунин доир ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта ибрози андеша намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд