Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд

Март 6, 2026 16:19

ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва корхонаҳои тобеи он ҷамъомади идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд.

Зимни ҷамъомад иброз гардид, ки Ҳукумати мамлакат таҳти ғамхорӣ ва дастгириҳои доимии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон-модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, вобаста ба имконият нисбат ба онҳо ҳамаҷониба ғамхорӣ зоҳир менамояд. Албатта, эҳтиром ва ғамхориву меҳрубониҳои Пешвои миллат нисбат ба занон-модарон барои ҳар фарди худогоҳу худшинос ва инсони комил намунаи ибрат аст.

Сарвари давлат пайваста дар суханрониҳояшон калимаи «Модар»-ро ба забон оварда, ба мақому манзалати зан арҷ мегузоранд, бо ҳаяҷони гуворою эҳсоси баланди инсонӣ аз назокату нафосат ва лаҳни ширину лаҳзаҳои рангини рӯзгори Модар ёдовар мешаванд ва барои дар хизматашон пайваста қарор доштан таъкиду ҳушдорҳои пурҳидояту пуррисолат рӯи забон меоранд.

Изҳор шуд, ки маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар ҳама зинаҳои ҳокимияти давлатӣ–мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти иҷроияю судӣ ва тамоми сохтору мақомоти дигари давлативу ҷамъиятӣ меафзояд. Имрӯз занон дар рушду нумуи соҳаҳои гуногун саҳми муносиб мегузоранд.

Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар қатори мардон занону духтарони зиёд дар бахшҳои гуногун фаъолияти пурсамар доранд. Роҳбарият ва масъулини корхона барои баланд бардоштани мақоми занон дар корхона ва вазъи иҷтимоии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида, нисбат ба онҳо ғамхорӣ зоҳир менамоянд.

Иштирокчиён афзуданд, ки бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии ӯ ба поси заҳматҳояш қарзи ҳар инсони бошараф ва бонангу номус аст. Мо дар мавриде ба пирӯзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхориҳои ӯ расем.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

 

 

Март 6, 2026 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд