ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Ҷаҳонгардиро аз ватангардӣ оғоз намо» иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Тантанаҳои наврӯзии ҳизбиён дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор аз мавзеи таърихии «Қалъаи Ҳисор» оғоз гардида, баъдан дар варзишгоҳ бо иштироки густурдаи сокинони шарафманди шаҳри Ҳисор идома ёфт.
Чорабинӣ пур аз шодию нишот, суруду мусиқӣ ва фазои гарму самимӣ ҷараён гирифта, хотирмону дилнишин баргузор гардид.
Дар ин тантанаи бошукӯҳи наврӯзӣ, ҳамчунин, ҳайати калони хабарнигорон аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва меҳмонони дигар аз Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуда, аз анъанаҳои миллӣ, фарҳанги ғанӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик таассуроти нек бардоштанд.
АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






