Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 21.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии об чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Об ва баробарии гендерӣ: дар ҷойе, ки об ҷорист, баробарӣ меафзояд» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими кушодашавии чорабинӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Президенти Иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ Анналена Бербок, Раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ Лок Баҳодур Тапа, муовини Дабири кулл оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа ва Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид Кетрин Рассел суханронӣ намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ аҳаммияти масъалаҳои марбут ба захираҳои обро таъкид намуда, тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ҳадафҳои Даҳсолаи амали об ва дастгирии талошҳои ҷаҳонӣ ба тақвияти ҳамкорӣ, мубодилаи таҷрибаҳои беҳтарин ва суръат бахшидан ба пешрафт дар самти Ҳадафҳои Рушди Устувори марбут ба об нигаронидашуда содиқ мемонад.
Инчунин Сироҷиддин Муҳриддин махсусан ба нақши занон дар мудирияти захираҳои об тамаркуз намуд. Дар ин росто қайд кард, ки Тоҷикистон дар доираи Раванди оби Душанбе мунтазам якчанд форумҳои мавзӯӣ, аз ҷумла Форуми байналмилалии «Занон ва об», ки ба тақвияти нақши занон дар мудирияти об ва мусоидат ба иштироки фарогир дар қабули қарорҳои марбут ба об нигаронида шудааст, баргузор мекунад.
Гузашта аз ин, ба ҳозирин дар бораи раванди омодагӣ ба баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» дар шаҳри Душанбе маълумот дода шуд. Қайд гардид, ки конфронси мазкур ҳамчун як марҳилаи мубрам барои пешбурди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» хизмат менамояд ва ҳамчун як платформаи муҳимми омодагӣ барои Конфронси оби СММ дар соли 2026, ки бо мизбонии Сенегал ва Аморати Муттаҳидаи Араб доир мегардад, саҳми назаррас мегузорад.
Сироҷиддин Муҳриддин ҳамаи ширкаткунандагонро ҷиҳати иштироки фаъол дар Конфронси чоруми байналмилалии оби Душанбе дар моҳи майи соли 2026 даъват намуд.
Дар доираи ин ҳамоиш, ҳамчунин панели сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он намояндагони кишварҳои Подшоҳии Нидерланд, Покистон, Амороти Муттаҳиддаи Араб, инчунин Ёрдамчии Дабири кулли СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Фиристодаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба об, Раиси механизми СММ-Об, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ва дигар роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ оид ба аҳаммияти мудирияти захираҳои об ва роҳҳои таъмини дастрасии устувор ба об суханронӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон






