Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид

Март 18, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 18.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар деҳаи Дастгираки Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон майдони Нишони давлатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Майдони Нишони давлатӣ бо саҳми аҳолӣ бунёд гардида, рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии сокинон мебошад. Баландии умумии иншоот 10 метрро ташкил додааст.

Инчунин дар паҳлуи майдони Нишони давлатӣ бинои дуошёнаи ҷамъиятӣ бо саҳми маҳаллӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Дар ошёнаи дуюми бино коргоҳи дӯзандагии омӯзишӣ таъсис дода шудааст, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Деҳаи комёб» бо маблағи 40 ҳазор сомонӣ бо мошинаҳои дарздӯзӣ таъмин гардидааст. Ҳадаф аз таъсиси ин коргоҳ ҷалби занони хонанишин ба омӯзиши касби дӯзандагӣ ва баланд бардоштани сатҳи шуғли онҳо мебошад.

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон якчанд иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз ҷумла, дар деҳаи Ғарави Ҷамоати деҳоти Даҳана  Маркази саломатӣ ифтитоҳ гардид.

Маркази саломатӣ бо саҳми аҳолии маҳаллӣ ва шарикони рушд бо маблағи 282 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, барои хизматрасонии тиббӣ ба беш аз 8500 нафар аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Ин иқдом дар доираи сиёсати давлату Ҳукумат ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати соҳаи тандурустӣ амалӣ гардидааст. Он аз 8 утоқи корӣ иборат буда, бо тамоми шароити зарурӣ таъмин мебошад. Дар он 15  корманд, аз ҷумла 2 табиб, 11 ҳамшираи шафқат ва 2 корманди техникӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд, ки ба беҳтар гардидани сатҳи шуғли аҳолӣ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин дар деҳаи Ҳинддараи ноҳияи Ёвон Маркази саломатӣ бо саҳми аҳолии маҳаллӣ ва шарикони рушд аз нав бунёд гардид. Марказ аз 9 утоқи корӣ иборат буда, барои фаъолияти пурсамари кормандон бо шароити зарурӣ таъмин мебошад. Дар он 14 корманд, аз ҷумла 2 табиб, 10 ҳамшираи шафқат ва 2 корманди техникӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.

Сокинони деҳаи Ҳинддара аз ифтитоҳи маркази саломатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, онро қадами муҳим дар самти беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ арзёбӣ карданд.

Дар доираи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз сокинони деҳаи Чашмасори Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов соҳиби Маркази саломатӣ гардиданд.

Маркази саломатии мазкур бо саҳми аҳолии маҳаллӣ ба маблағи 695 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Иншоот барои хизматрасонии тиббӣ ба 3500 нафар пешбинӣ шуда, ба беҳтар гардидани сатҳи дастрасии сокинон ба хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат менамояд. Марказ аз 6 утоқи корӣ ва як таҳхона иборат буда, бо шароити зарурӣ барои фаъолияти кормандон таъмин мебошад. Дар он 6 корманд, аз ҷумла 2 табиб, 3 ҳамшираи шафқат ва 1 корманди техникӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Дар деҳаи Дӯстии ноҳия сохтмони майдончаи варзишӣ идома дорад. Бунёди иншооти варзишӣ бо ташаббуси сокинони ватандӯсти деҳа амалӣ шуда, қарор аст то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирад.

Бояд гуфт, ки бунёди чунин майдончаҳои варзишӣ дар деҳот барои рушди соҳаи варзиш, таҳкими саломатии аҳолӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Барои рушди соҳаи саноати мамлакат дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ. Юсуфова, деҳаи Навкорам-2 ноҳияи Ёвон коргоҳи истеҳсоли бетони сохтмонӣ ба истифода дода шуд.

Иншоот бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Раҳимов Меҳроҷиддин бо харҷи 2 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Ҳадаф аз таъсиси коргоҳ рушди соҳаҳои саноату сохтмон ва таъмини иншооти сохташавандаи ноҳия бо бетони босифати сохтмонӣ мебошад.

Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз 350 метри мукааб бетонро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда имконият фароҳам меорад, ки талаботи бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти сохтмонӣ сари вақт ва бо сифати баланд қонеъ карда шавад.

Бо мақсади таъмини раванди мунтазами истеҳсол ва интиқоли маҳсулот барои коргоҳ як техникаи соҳавии мехлопата ва 4  автомиксер барои кашонидани бетон харидорӣ гардид. Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот дар иншоот пурра анҷом ёфтаанд. Бо ба кор даромадани он 7 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид, ки ин ба беҳтар шудани сатҳи шуғли аҳолӣ мусоидат мекунад.

Ҳамчунин дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ёвон коргоҳи истеҳсоли бетони сохтмонӣ ба истифода дода шуд. Коргоҳ бо харҷи 1,8 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Ҳадаф аз таъсиси он рушди соҳаҳои саноату сохтмон ва таъмини иншооти сохташавандаи ноҳия бо бетони босифати сохтмонӣ арзёбӣ мегардад.

Тибқи иттилоъ, иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз 350 метри мукааб бетонро ташкил медиҳад, ки барои қонеъ намудани талаботи бозори маҳаллӣ ва суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ мусоидат хоҳад кард.

Бо мақсади таъмини фаъолияти босамари коргоҳ як техникаи соҳавии мехлопата ва 2 автомиксер барои кашонидани бетон харида шудааст. Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот дар иншоот пурра анҷом ёфтаанд.

Ифтитоҳи чунин иншооти истеҳсолӣ дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз барои рушди устувори иқтисодӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳияи Ёвон заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Март 18, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
НАВРӮЗ — РАМЗИ ДӮСТӢ ВА СУЛҲ БАЙНИ МАРДУМОН. Дар Институти астрофизика ҳамоиш баргузор шуд
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Наврӯз ҷашнест, ки ба ҷаҳониён фарҳанги таърихии миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд
НАВРӮЗ – ҶАШНИ ҚАДИМАИ ТОҶИКОН. Он чун мероси фарҳангии башарият арзиши бузург дорад
Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни «Бозиҳои миллӣ» доир шуд
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Дар Норак бахшида ба Наврӯз намоиши фарҳангӣ ва Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир гардид
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид