Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми III ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Узбекистон байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва якчанд муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Дра ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Аз ҷумла, Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов ба имзо расид.
Ҳамзамон чунин созишномаҳои ҳамкорӣ байни сохторҳои таркибии донишгоҳ ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон ба имзо расонида шуданд: Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи байналмилалии Данғараи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисоди экология ва хизмати Самарқанд, байни Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнав, байни Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти узбек ба номи Алишери Навоӣ дар шаҳри Тошканд, байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим», байни Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ – и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии техникии Бухоро, байни Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Намангон, байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Бухоро.
Иброз гардид, ки татбиқи созишномаҳои имзошуда ба татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, мубодилаи устодону донишҷӯён, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсил мусоидат менамояд.
Дар фарҷом ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкории мутақобили судманд ва татбиқи самараноки созишномаҳои баимзорасида изҳори омодагӣ намуда, чунин ташаббусҳоро қадами муҳим дар роҳи рушди робитаҳои илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон арзёбӣ намуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






