Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба ба масири байналмилалии қатораи сайёҳии «Роҳи Абрешим» шомил гардид. Ба ин муносибат 23 март бори нахуст қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон аз Ҷумҳурии Қазоқистон иборат аз 89 нафар ба Душанбе омад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Меҳмононро дар истгоҳи роҳи оҳани пойтахт роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Роҳҳои оҳани Тоҷикистон» ва намояндагони ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» истиқбол гирифтанд.
Худи ҳамон рӯз барои меҳмонон барномаи экскурсионӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва боздид аз қалъаи Ҳисор ташкил карда шуд.
Барнома чорабинии фарҳангию рақсу мусиқиҳои миллӣ, шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва қисми гастрономӣ бо таомҳои миллиро дар бар гирифт.
Бояд гуфт, ки ташкилкунандаи барнома аз ҷониби Тоҷикистон ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» буда, тамоми маҷмуи хизматрасониҳоро дар сатҳи баланди касбӣ — аз ҳамлу нақл то барномаи фарҳангӣ ва таъмини ҳамроҳии иттилоотиро таъмин намуд.
Лоиҳа дар доираи ҳамкории ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» (Тоҷикистон) ва «Grand Soluxe Travel Company» (Қазоқистон) амалӣ гардида, қадами муҳим дар рушди сайёҳии минтақавӣ ва таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Татбиқи ин лоиҳа рӯйдоди муҳими соҳаи сайёҳии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Шомил гардидани пойтахти мамлакат ба масири қатораи байналмилалии «Роҳи Абрешим», ки шаҳрҳои Алмато, Туркистон, Самарқанд, Душанбе ва Тошкандро мепайвандад, имконияти васеи Тоҷикистонро ҳамчун самти ҷолиби сайёҳӣ бори дигар тасдиқ намуд.
Таъкид гардид, ки чунин ташаббусҳои созанда на танҳо ба афзоиши ҷараёни сайёҳони хориҷӣ мусоидат мекунанд, балки ба таҳкими обрӯи байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои мероси ғании фарҳангӣ, меҳмоннавозӣ ва инфрасохтори рӯ ба рушд низ замина мегузоранд.
АКС: ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел»




















ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






