Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Амстердам дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти тоҷикон ва форсизабонони Подшоҳии Нидерланд «Анҷумани Сомониён» Наврӯзи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Белгия хабар доданд, барномаи идона бо оростани мизи “Ҳафт син” ва “Ҳафт шин” шуруъ гардид. Он аз намоиши маҳсулоти саноеи дастӣ, китобу маҷаллаҳо, асбоби мусиқӣ, савту сурудҳои тоҷикӣ ва муаррифии таомҳои миллӣ иборат буд.
Гӯшаи этнографӣ аз маводи таҷассумгари фарҳангу таърихи халқи тоҷик ва аксу нигораҳои ҳунармандон иборат буда, намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Белгия








Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд






