Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 27.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал, аз ҷумла 1 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ, инчунин 4 дипломи махсус гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ин муваффақиятҳо натиҷаи заҳмати пайваста, омодагии ҷиддӣ ва истеъдоди баланди иштирокчиёни тоҷик буда, обрӯ ва нуфузи фарҳангии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам боло мебардоранд.
Бозиҳои Делфӣ ҳамчун минбари муҳими байналмилалӣ барои дастгирии ҷавонони боистеъдод, густариши ҳамкории фарҳангӣ ва таҳкими дӯстии байни миллатҳо нақши муҳим мебозанд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳанӯз аз аввалин Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай иштироки фаъол дошта, анъанаи ҳунариро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Иштироки имсолаи ҳайати ҷумҳурӣ идомаи мантиқии ин роҳ буда, таваҷҷуҳи махсусро ба рушди истеъдодҳои ҷавон ва таҳкими равобити фарҳангӣ нишон медиҳад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад






