Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд

Март 18, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 18.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ду озмоишгоҳи муосир — «Зоология» ва «Ботаника» ба истифода дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, озмоишгоҳ бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ мебошад. Дар он машғулияти амалии донишҷӯён дар соҳаи биология ва химия гузаронида мешавад.

Озмоишгоҳ имкон медиҳад, ки донишҷӯён таҷрибаҳои зоологӣ ва ботаникӣ анҷом дода, намудҳои гуногуни ҳайвонот ва набототро омӯзанд.

Инчунин дар озмоишгоҳ омӯзгорон метавонанд усулҳои нави таълимиро санҷида, ба донишҷӯён таҷрибаҳои илмӣ-таҳқиқотиро нишон диҳанд. Ин маркази нави таҷрибавӣ барои таҳияи лоиҳаҳои илмӣ, гузаронидани корҳои лабораторӣ, ҳамзамон омӯзиши муҳити зист ва таҳлили таъсири омилҳои экологӣ ба ҳайвонот ва наботот аҳамияти калон дорад.

Иброз шуд, ки истифодаи самараноки озмоишгоҳ барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои амалӣ дар донишҷӯён нақши калон дорад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Март 18, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид