Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил гардид, ки дар онҳо хӯрокҳои қадимии халқи тоҷик омода ва пешниҳоди меҳмонон карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Зимни ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати ин ҷашни миллӣ иброз шуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ ва мероси гаронбаҳои фарҳангии ниёгон рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, сулҳу дӯстӣ, ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ба шумор меравад. Ин иди куҳанбунёд, ки аз умқи таърихи тамаддуни ориёӣ сарчашма мегирад, имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мақоми баланд касб намуда, ба яке аз ҷашнҳои муҳими умумибашарӣ табдил ёфтааст.
«Таҷлили Наврӯзи имсола ба соли таърихӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, ба ин ҷашни пуршукуҳи миллӣ шаҳомати бештар мебахшад. Ин рӯйдоди муҳим моро водор месозад, ки бо ҳисси баланди масъулият, меҳнати содиқона ва фаъолияти созанда дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ, рушди ҷомеа ва ободии Тоҷикистон саҳми арзанда гузорем», – гуфта шуд зимни ҳамоиш.
Иброз гардид, ки боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ ва фазои созандагӣ ин ҷашни аҷдодиро бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва талош барои пешрафту шукуфоии Ватан таҷлил менамоянд.
Дар доираи ҳамоиши наврӯзӣ байни факултетҳои донишгоҳ таҳти унвони «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» озмун баргузор гардид. Озмун аз номинатсияҳои «Беҳтарин хаймаи наврӯзӣ», «Беҳтарин намоиш ва анъанаҳои наврӯзӣ», «Беҳтарин зебосанами наврӯзӣ ва баҳори наврӯзӣ» ва «Беҳтарин суруд ва рақси идона» иборат буд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамон дастаҳои ғолиб муайян шуда, бо Диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
НАВРӮЗ — РАМЗИ ДӮСТӢ ВА СУЛҲ БАЙНИ МАРДУМОН. Дар Институти астрофизика ҳамоиш баргузор шуд
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Наврӯз ҷашнест, ки ба ҷаҳониён фарҳанги таърихии миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд
НАВРӮЗ – ҶАШНИ ҚАДИМАИ ТОҶИКОН. Он чун мероси фарҳангии башарият арзиши бузург дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид






