Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 март дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада.
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургӣ Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба нақши матбуот дар рушди ҷомеа, тарғибу ташвиқи идеяҳои волои давлатдорӣ ва истиқлолу озодӣ сухан намуд. Изҳор гардид, ки ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма хеле муҳим ва муфид буда, матбуот чашму гӯши ҷамъият ва довари одил мебошад.
Дар ҷамъомад раиси бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сармуҳаррирони рӯзномаҳои «Согдийская правда» ва «Паёми Бӯстон» дар бораи таърихи матбуоти тоҷик, рӯзноманигорони собиқадор, дастгириҳои давлатӣ ба воситаҳои ахбори омма сухан намуданд.
Таъкид шуд, ки нақши матбуоти тоҷик дар рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ муассир мебошад.
Дар фарҷом ба рӯзноманигорон Сипосномаи раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон










Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






