Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар деҳот» бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, кишоварзону чорводорони пешқадам ва коршиносони соҳа ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Шурои ҷамъиятӣ хабар доданд, дар ҳамоиш паҳлуҳои гуногуни тақвияти иқтидори истеҳсоли маҳсулоти кишварзӣ дар деҳот баррасӣ гардид. Таваҷҷуҳ ба бахшҳои истеҳсолӣ, ки меҳвари асосии рушди иқтисоди маҳаллӣ ва боло рафтани сатҳи шуғли аҳолӣ мебошанд, яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид.
Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Шуҳрат Азиззода иброз намуд, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар таъсиси ҷойи нави кор дар деҳот, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва рушди истеҳсолоти ватанӣ омили муҳим мебошад.
Дар ҳамоиш пешниҳод гардид, ки нархи пахта баланд бардошта шавад, заминҳои кишоварзӣ, махсусан заминҳое, ки ба корхонаҳои давлатӣ вобастаанд, самаранок истифода шаванд. Чунки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин категорияи заминҳо ба қамишзор табдил ёфтаанд. Инчунин пешниҳод гардид, ки дастрасии кишоварзон ба қарзҳои имтиёзнок, грантҳо, барномаҳои маблағгузории давлатӣ ва фонди махсуси дастгирии истеҳсолот васеъ карда шавад.
Тавсия дода шуд, ки шартномаи иҷораи замини обӣ барои истеҳсоли хӯроки чорво, чарогоҳҳои зимистона ва тобистона аз ҷониби мақомоти марбутаи ҳокимияти давлатӣ танҳо бо хоҷагидороне баста шавад, ки дар ҳақиқат шумораи муайяни чорво доранд. Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ барои коркарди пӯсту пашми чорвои майда барои чорводорон шароити мусоид фароҳам оварад.
Иброз гардид, ки чунин мулоқоту гуфтугӯҳои созанда минбаъд низ идома ёфта, дар таҳкими иқтидору имконияти соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон заминаи мустаҳкам мегузоранд.
АКС: Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






