Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 март дар шаҳри Душанбе қуръакашии тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои лигаи якум доир шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар мавсими нави Лигаи якуми Тоҷикистон, ки дар ду марҳила баргузор мешавад, шонздаҳ даста иштирок мекунад: «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Ҳулбук», «Рахш» (ҳарду аз Восеъ), «Душанбе», «Шоҳмансур» (ҳарду аз Душанбе), «Шодмон» (Ҳисор), «Рангон» (Рӯдакӣ), «Исфара» (Исфара), «Саразм» (Панҷакент), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ), «Саройкамар» (Панҷ), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ), «Моҳир» (Ёвон), «Сомон» (Данғара), «Норак» (Норак) ва «Ҷиликӯл» (Дӯстӣ).
Қуръакашии Лигаи якумро собиқ бозигарони маъруфи дастаи миллии Тоҷикистон Аслиддин Ҳабибуллоев ва Нуриддин Давронов гузарониданд. Тибқи анъана, дар маросим онҳо барои муайян кардани рақамҳои тартибии дастаҳо қуръаҳоро аз сабад бароварданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард






