Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид

Март 11, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуда, ғолибони озмунҳои вилоятӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар ҳамоиш иброз шуд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма диққати махсус зоҳир гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шудаанд. Аҳли қалам бо истифода аз чунин имконот барои муаррифии таърихи пурғановати халқи тоҷик, фарҳангу тамаддуни оламгир, анъанаҳои милливу қадимӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ ва бовар ба фардои саодатбахш меҳнат менамоянд.

«Заҳмати тамоми кормандони воситаҳои ахбори оммаи сатҳи маҳаллӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ ба халқу миллат хизмат намуданд, қадрдонӣ карда мешавад. Эҷодкорони Хатлонзамин ҳамеша аз манфиатҳои миллию давлатӣ пуштибонӣ намуда, дар муқобили ҳуҷумҳои иттилоотии ҳаракату гурӯҳҳои иртиҷоӣ муқовимати устувор нишон медиҳанд ва мардумро ба роҳи рост ҳидоят мекунанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар симои ҳар журналист ҳамкору ҳамандеш, ёвари беғараз, ҳомии арзишҳои миллӣ ва такягоҳи боэътимоди давлатро мебинад», — баён гардид дар ҷамъомад.

Таъкид шуд, ки даргириҳои минтақавӣ, авҷи ҷудоихоҳӣ, гурӯҳҳои ифротгаро, бадалшавии идеологияҳо, ҷанги иттилоотӣ ва таҳдидҳои дигари ҷаҳони муосир аз намояндагони воситаҳои ахбори омма ваҳдати касбӣ, ҳамраъйӣ, ҷасорату шуҷоат, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти баланди касбӣ тақозо менамоянд.

Ҳамасола озмуни ҷоизаҳои вилоятии ба номи Носири Хусрав, Шамсиддин Шоҳин ва Соҳиб Табаров, ки дар байни адибони вилоят гузаронида мешавад, натиҷагирӣ мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол китоби «Фарёди сукут»-и Сипеҳри Ҳасанзод дар самти насри бадеӣ ғолиби Ҷоизаи адабии ба номи Носири Хусрав, маҷмуаи шеърҳои шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сулаймон Султон бо номи «Ҳамболи орзу» ғолиби Ҷоизаи адабии ба номи Шамсиддин Шоҳин гардиданд. Дар самти назм китоби Мирзо Одина бо номи «Шарҳи сад ғазали Бедил» ба Ҷоизаи адабии ба номи Соҳиб Табаров сазовор дониста шуда, ҳар кадом бо маблағи 5000 сомонӣ мукофотонида шуданд.

Инчунин дар ин рӯз ғолибони Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон «Неруи сухан» бо Диплом ва мукофотипулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон ба як зумра собиқадорони матбуот ва рӯзноманигорони фаъол «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.

Дар маҷмуъ, ба ғолибон ҷоизаҳои раиси вилоят дар ҳаҷми 53 000 сомонӣ супорида шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Март 11, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар