Дар Палатаи ҳисоб оид ба экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии он машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд

Март 23, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 23.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи хатару таҳдидҳои нав вобаста ба экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии он бо иштироки намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба бахши иттилоот ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи палата.

Намояндаи Прокуратураи генералӣ Юсуф Юсуфзода дар мавзуъҳои «Таҳлили вазъ, омилҳо ва манбаъҳои таҳдиди экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ» ва «Мазмун ва моҳияти «Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»» сухан намуд. Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи он эҳсос менамояд ва нақши ҳар мақомот дар пешгирии равандҳои тундгароӣ, таҳияи татбиқи механизмҳои барномаҳои давлатӣ дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм, инчунин ташкили таҳияи модулҳои омӯзишӣ ва баргузории тренингҳо дар самти мубориза ба экстремизм ва терроризм мавқеи назаррас дорад.

Дар доираи татбиқи стратегия, инчунин қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм Прокуратураи генералӣ конфронсу ҳамоишҳо ва чорабиниҳои иттилоотию омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳиро бо ҷалби коршиносон, зиёиёни эҷодкор, мақомоти давлатии масъул, ташкилоти байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мегузаронад. Ҳадаф ва самти асосии он ба пешгирии экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир нигаронида шудааст.

Таъкид шуд, ки ҳар хизматчии давлатӣ бояд иштирокчии фаъоли пешгирии экстремизм ва терроризм бошад.

Иштирокдорони машварат барои тақвияти чораҳои пешгирии экстремизм ва терроризм фикру андеша ва тавсияҳояшонро баён намуданд.

 АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 23, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мамлакат оид ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм баррасӣ карда шуд
Оид ба татбиқи барномаҳои давлатии Тоҷикистон дар пешгирии экстремизм ва терроризм конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Вобаста ба масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар Панҷакент иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм баррасӣ гардид
ТЕРРОРИЗМ — ВАБОИ АСР. Дар Коллеҷи муҳандисӣ-маърифатии ноҳияи Рашт вобаста ба ин мавзуъ вохӯрӣ доир шуд
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм вохӯрӣ баргузор шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат дар мавзуи пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро вохӯрӣ доир шуд