Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия бо қароргоҳ дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов дар шаҳри Прага як қатор мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон хабар доданд.
Дар мулоқоти Сафир бо Директори департаменти робитаҳои хориҷии Вазорати маориф, варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Чехия Ладислав Бановек ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва илм баррасӣ намуданд. Ба тақвияти мубодилаи академӣ, густариши робитаҳо байни донишгоҳҳо, инчунин ҳамкорӣ дар самтҳои варзиш ва сиёсати ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Имомудин Сатторов зимни мулоқот бо аъзои Палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия Ян Бартошек таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ ва рушди муколама дар самтҳои дорои манфиати мутақобила таъкид намуда, саҳми гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро дар густариши ин раванд муҳим арзёбӣ карданд.
Дар идома мулоқоти Имомудин Сатторов бо Ноиби Президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Чехия Радек Якубский баргузор гардида, ҷонибҳо рушди ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузориро самти афзалиятнок донистанд.
Дар мулоқот зарурати тавсеаи робитаҳои мустақим байни ширкатҳо таъкид шуда, инчунин имкониятҳои васеи ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши робитаҳо ва ташкили сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои иқтисодӣ иброз намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон










Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






