Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид

Март 6, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 март бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Шурои ҷамъиятии назди Сафорат ва Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳанги тоҷикон» ба муносибати Рӯзи Модар ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар чорабинӣ занон- аъзои Шурои ҷамъиятӣ, соҳибкорзанон ва донишҷӯдухтарон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари иқомат таҳсил менамоянд, иштирок намуданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2009 ба ин ҷашни муборак шукуҳу шаҳомати тоза бахшида, онро Рӯзи Модар эълон карданд. Аз он пас, 8 март дар Тоҷикистон маънову ҳикмате фаротар аз як ҷашнро гирифта, ба муқаддасоти ҳар фарду хонаводаи ҳаммеҳанони мо табдил ёфт, ки бе баҳс, дар тарбияи ҷомеа нақши муассир мебозад.

Зимнан изҳор гардид, ки саҳми занони тоҷик дар рушду шукуфоии Ватани азизамон бисёр муҳим ва бузург буда, махсусан дар низоми роҳбарикунанда ва бахшҳои сиёсиву иҷтимоӣ ҳузури фаъоли онҳо эҳсос мешавад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки «Зан — Модар рисолати зебоӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш дошта, кулли зебоиҳо, покизагӣ, фатҳу кушоиш ва меҳру муҳаббат аз дастони муъҷизакораш оғоз мегардад. Аз ин бармеояд, ки Рӯзи Модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёс бо ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад».

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконият барои фаъолияти ҳамаҷонибаи модарону духтарон фароҳам гардида, занони қавииродаву боҷасорати мо ба арсаи сиёсат ва хизмати давлатӣ роҳ ёфтанд ва дар ободиву пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд.

Мақоми бисёрҷонибаи зан-модар дар матнҳои гуногуни таърихӣ ва ривоятҳои фарҳангӣ, ки ҳам эҳтиром ва ҳам маҳдудияти ба модарон гузоштаро нишон медиҳанд, возеҳ инъикос ёфтааст. Ҷойгоҳи модар дар афкори сиёсӣ ва фарҳангии мардуми ориёӣ мавзуи бисёр муҳим аст, ки давоми  таърих боиси ҷалби диққати муаррихон ва фарҳангшиносони ҷаҳон гардидааст. Дар фарҳанги ориёӣ, ки асосан марбут ба халқҳои тоҷик, форс, ҳинд ва дигар давлатҳои ориёитабор аст, модар мавқеи олӣ ва муқаддас дорад. Давоми таърих модар ба сифати шоҳи хонавода, симои таълимоти ахлоқӣ ва роҳнамо дар тарбияи наслҳо эҳтиром ва арҷгузорӣ мешуд.

Яке аз муҳаққиқони таъриху тамаддуни ориёиҳо Герман Беннингхофф дар асараш гуфтааст, ки занон дар ҷомеаҳои ориёии пеш аз ислом танҳо ба корҳои хонаводагӣ маҳдуд намешуданд, балки дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекарданд. Онҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ баробар бо мардон фаъолият доштанд ва ин нишон медиҳад, ки модарӣ яке аз нақшҳо дар байни чанд нақш буд, на маҳдудияти муайянкунандаи иштироки онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ.  Анъанаи адабиву фарҳангӣ далелҳои ин мақоми баландро нигоҳ медорад. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки мероси бузурги фарҳангиву адабии ориёиҳо аст, мақоми баланди иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ба занон додашударо ба таври возеҳ инъикос мекунад. Ин нишон медиҳад, ки манбаи фарҳангиву таърихӣ на танҳо қобилияти офаринандагии занон, балки имконияти қаҳрамонӣ ва дастовардҳои барҷастаро низ фаъолона инъикос мекард.

Модари тоҷик бадунёоварандаю тарбиятдиҳандаи олимону донишмандони бузург ва адибони ворастаи башарӣ мебошад. Он забоне, ки мо имрӯз бо он ифтихор менамоем, ки забони бузургони илму адаб аст, ҳамон забоне аст, ки модари тоҷик аз хурдсолӣ вожа-вожаву ҳарф ба ҳарф ба забони фарзандон гузоштаю таълимашон додааст.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки дар анҷоми соли 2025 пешниҳод шуд, бори дигар ҷилои ин муҳаббатро, ки аз сиришти Сарвари давлатамон бо ҳама самимият ва дурахш берун омадаю дар сиришти ҳама мардуми мамлакат ҷо гардид, табъҳоро равшану мунаввар сохт, бо чашми худ дидему шоҳид будем. Ҳангоми пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ дар суханронии Президенти Тоҷикистон самимият ва муҳаббат то ҷойе буд, ки баландтарин эҳсосу муҳаббатро нисбат ба Модар дар дили тамоми шунавандаҳо бедор менамуданд, суханҳое буданд аз дили софу муҳаббати баланд дар моварои ашкҳои зулоли инсонӣ.

Маҳз ҳамин муҳаббату эҳтироми беҳамтои Пешвои миллатамон нисбат ба модари тоҷик буд, ки дар сиёсати давлатдории тоҷикон имрӯз мақому манзалати занон ҷойгоҳи хоссаро ишғол менамояд. Аз ҷумла, Президенти Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки «дар фарҳангу тамаддуни мо — тоҷикон иззату эҳтироми Зан–Модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад».

Бовару эътимоди Президенти Тоҷикистон ба занону модарон бе асос нест, зеро таҷрибаи қариб 35-солаи давлатдорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки «занону модарон ва духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани насли солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд».

Дар охири ҷамъомад аз ҷониби занон ва донишҷӯдухтарон рӯнамоҳо оид ба нақши зан-модар дар ҷомеаи имрӯза пешниҳод гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 6, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд