Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
ДУШАНБЕ, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор аз меъёри иқлимӣ то 2 дараҷа баланд ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ аз меъёр то 1 дараҷа паст пешгӯӣ карда мешавад. Ҳавои моҳи марти соли 2026 ба ҳавои соли 2025 шабоҳат дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ то 2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 11+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 7+9 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар нимаи аввали моҳ ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 4+9 гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ гарм шудани ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона аз 20+25 то 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона аз 14+19 то 20+25 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Миқдори моҳонаи бориш аз меъёр зиёд, дар баъзе ноҳияҳо дар ҳадди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида ба амал омадани раъду барқ, боридани жола, дар ағбаҳо фаромадани туман дар назар буда, шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Инчунин ба амал омадани хокбориш аз эҳтимол дур нест.
Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо аз меъёри иқлимӣ то 1 дараҷа баланд, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ аз меъёр то 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 9+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 3 дарҷа хунук то 1 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар нимаи аввали моҳ ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Да нимаи дуюми моҳ гарм шудани ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона аз 14+19 то 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона аз 9+14 то 12+17 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Миқдори моҳонаи бориши борон дар ҳадди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд пешгӯӣ мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида ба амал омадани раъду барқ, боридани жола, дар ағбаҳо фаромадани туман дар назар буда, шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония мевазад.
Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, ҳаво аз 2 дараҷа хунук то 4 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво дар назар буда, шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва 2+7 дараҷа гарм, рӯзона аз 9+14 то 18+23 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Миқдори моҳонаи бориши борон аз меъёр зиёд, дар баъзе ноҳияҳо дар ҳадди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония мевазад, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, ҳаво 7-15 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона аз 4-9 то 11-16 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 то 6 дараҷа хунук мешавад. Миқдори моҳонаи бориши борон дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе минтақаҳо шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония мевазад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид
Аз 4 то 7 март дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд






