Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд

Март 29, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 29.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар мамлакат бо мақсади рушди соҳаи ҳайкалтарошӣ ва муҷассамасозӣ «Барномаи давлатии рушди санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

«Барномаи давлатии рушди санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» ба рушди санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ, ба роҳ мондани низоми ягонаи тайёр намудани кадрҳои эҷодӣ ба фаъолияти касбӣ дар соҳаи санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ ва дастгирии давлатии ин намуди санъати тасвирӣ равона гардидааст.

Ин ҳунарҳо дар раванди таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, тақвияти истеъдод ва дарки зебоипарастӣ, баланд бардоштани завқи касбомӯзӣ, таҳаввул ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аҳаммияти муҳим доранд.

Ҳайкалтарошӣ яке аз намудҳои қадимтарини санъат маҳсуб мешавад. Давоми солҳои мадид образҳои одамон ё ҳайвонот дар рӯйи сангҳо, шохҳо, устухонҳо ва ғайра тасвир меёфтанд. Шахсе, ки ба чунин намуди санъат машғул аст, ӯро ҳайкалтарош меноманд.

Тибқи иттилои санъатшиносон, ҳайкалҳо ҳар гуна мешаванд: бузургҷусса ва хурд. Тафовути ҳайкали бузург дар он аст, ки ӯро дар назди биноҳо, хонаҳо ва осорхонаҳо, инчунин дар боғҳо ва гулгаштҳо мегузоранд. Аммо боз намуди хайкалтарошие мавҷуд аст, ки онро танҳо аз ҷониби пеш метавон дид. Шакли он бо ёрии ҳаҷмҳое сохта мешавад, ки берун аз ҳамвории манзар – релеф барҷастагӣ дорад.

Имрӯз кӯчаву хиёбон ва боғҳои фарҳангию фароғатии Душанберо муҷассамаҳои шахсиятҳои барҷастаи мамлакат, шоирону нависандагон, қаҳрамонҳои афсонаҳои халқи тоҷик ва образҳои гуногун зеб медиҳанд.

Ба андешаи равоншиносон, онҳо метавонанд ба тарбияи ахлоқию маънавии шаҳрвандон таъсири мусбат расонанд. Хусусан, дар пешорӯи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нимпайкараҳои аҳли удабо ва уламои классики тоҷик ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки мувофиқи мақсад арзёбӣ мешавад.

Муҷассамасозӣ яке аз навъҳои ҳунари таҷассумӣ аст, ки тавассути тарошидан, шакл додан ё рехтагарии мавод (санг, чӯб, гил, филиз) пайкараву шаклҳои сеченака эҷод мекунад. Ин ҳунар таърихи қадимӣ дошта, дар Тоҷикистон барои таҷассуми чеҳраи бузургони илму адаб, аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва Ҷомӣ рушди махсус ёфтааст.  Дар давраи истиқлолият санъати муҷассамасозӣ барои зинда кардани таърих ва чеҳраҳои миллӣ аҳамияти хосса пайдо намуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 29, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Исфаноҷ пайдоиши саратонро пешгирӣ мекунад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд