Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид

Март 11, 2026 16:40

ТУРСУНЗОДА, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳама давру замон барои ташаккули афкори ҷомеа матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма нақши муҳиму арзанда доранд. Воситаҳои ахбори омма инъикосгари таҳаввулоти азими иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манофеи миллӣ буда, барои сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба cамтҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда нақши барҷаста ва муассир доранд. Чунин ибрози назар намуд Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода имрӯз зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорону  кормандони воситаҳои ахбори омма бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд,  ки таърихи матбуоти тоҷик ҳанӯз аз 11 марти соли 1912 бо нашри рӯзномаи «Бухорои шариф» сарчашма гирифта, дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон рисолати худро бо ҷилои нав идома дод. Он имрӯз дар баланд гардидани шуур ва маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва ҳувияти миллии ҷомеа саҳми муассир мегузорад.  Рӯзи матбуоти тоҷик  бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994  инҷониб дар саросари Тоҷикистон расман   ҷашн гирифта мешавад.

Иброз гардид, ки матбуоти маҳаллии шаҳри Турсунзода, ки он асосан дар давраи соҳибистиқлолӣ рушд ёфтааст, таърихи беш аз 90- сола дорад. Дар даврони собиқ дар шаҳр танҳо як нашрия ва радиои маҳаллӣ фаъолият мекард. Замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуот дар шаҳр фарох гардида, имрӯз 7 нашрия — «Диёри Турсунзода, «Алюминийи Тоҷикистон», «Ҳидоят», «Нури маърифат», «Тибби Бӯалӣ», «Роҳнамои ҷавонон», инчунин телевизиони маҳаллии «Регар», радиои маҳаллии «Садои Осиё» ва радиои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар пурра намудани фазои иттилоотӣ ҳисса мегузоранд. Матбуоти шаҳр дорои мактаб ва таърихи ғанӣ буда, дар баробари бузургтарин нашрияҳои ҷумҳуриявӣ дар пешрафти матбуоти ватанӣ саҳми назаррас мегузорад. Ба фаъолият оғоз намудани нашрияи нав таҳти унвони «Роҳнамои ҷавонон» далели дастгирии навбатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Турсунзода ба хотири рушди матбуоти даврӣ мебошад.

Дар анҷоми ҳамоиш Раиси шаҳри Турсунзода ба намояндагони якчанд рӯзномаю маҷалла барои ҳамкории судманд Сипоснома тақдим намуд. Рӯзноманигорони собиқадор ва фаъолони соҳаи журналистика бо мукофотпулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қадрдонӣ карда шуданд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 11, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар