ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд

Март 9, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 09.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ 500 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин иқдом дар доираи  вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Шаҳристон дар доираи татбиқи сиёсати давлатии экологӣ, иҷрои «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» ва «Барномаи давлатии кабудизоркунии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» амалӣ гардид. Дар он Раиси Кумитаи ҳифзи

муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Баҳодур Шерализода  ва масъулини сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, ноҳияи Шаҳристон, кормандони ташкилоту идораҳо ва хоҷагии ҷангал иштирок намуданд.

Баҳодур Шерализода аз ниҳолхонаи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳристон  дидан намуда, иброз дошт, ки нигоҳубин ва нашъунамои босифати ниҳолҳо  ба таъмини рушди иқтисодиёти «сабз» ва коҳиши газҳои гулхонаӣ мусодат менамояд. Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист, ниҳолхона дар 4 гектар бунёд гардида, дар он 2000 бех коҷи кабуд ва 25 ҳазор бех сафедор дар ҳолати нашъунамо қарор доранд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 9, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 700 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд