Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дастаи мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар Чин машқҳои дастҷамъона гузаронид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, машқҳо дар Чжаотсин баргузор шуда, ду бозии дӯстонаро низ бо тими наврасони Чин дар бар гирифт. Бозии аввал, ки 21 март баргузор шуд, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи наврасони Чин анҷом ёфт. Вохӯрии дуюм 24 март доир шуда, бо ҳисоби мусовии 0:0 ба анҷом расид.
Барои дастаи мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон тамринҳои дастҷамъона дар Чин марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 ба ҳисоб мераванд, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешаванд. Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дастаи мо бо наврасони Тайланд (5 май), Мянмар (9 май) ва Арабистони Саудӣ (12 май) бозӣ хоҳад кард.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд






