Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ва рушди фарҳанги миллӣ»- таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик (11 март) конфронси илмӣ-маърифатӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин китобхона хабар доданд.
Зимни конфронс иброз гардид, ки матбуот яке аз рукнҳои муҳимми сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа мебошад, ки агар бо риояи усулҳои неки рӯзноманигорӣ нашр шавад, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҷаҳонбинии мардум нақши амиқ мегузорад. Аз ин рӯ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии иттилоот масъалаи ҳифзи мероси матбуот аҳаммияти махсус касб менамояд.
Гуфта шуд, ки нусхаҳои электронии «Бухорои шариф» ва дигар нашрияҳои таърихӣ имрӯз дар махзани электронии шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд. Ин иқдом на танҳо ҳифзи мероси таърихӣ, балки фароҳам овардани дастрасии васеи таҳқиқотӣ барои муҳаққиқон ва донишҷӯёнро таъмин мекунад.
Иттилоъ дода шуд, ки шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз соли 1935 фаъолият дошта, ба ҷамъоварӣ, ҳифз ва нигаҳдории нашрияҳои даврӣ машғул аст. Шуъба бо тамоми имконият ҳамарӯза аз соати 08:00 то 20:00-и шаб дар хизмати хонандагон қарор дорад.
Имрӯз дар майдони матбуоти мамлакат беш аз 600 рӯзномаю маҷалла, аз ҷумла нашрияҳои расмӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ ва соҳавӣ ба табъ расида, бо инъикоси мавзуъҳои гуногун дар огоҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти соҳаҳои гуногуни мамлакат саҳми босазо мегузоранд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






