Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид

Март 10, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 10.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳими марбут ба рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, баланд бардоштани  сифати таҳқиқоти илмӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар мулоқоти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода   бо   мушовири ширкати илмию ноширии байналмилалии Elsevier (Нидерландия) дар минтақаи Осиёи Марказӣ Дмитрий Султанов   баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон ҳамзамон роҳҳои тақвияти ҳамкории байналмилалӣ, густариши дастрасии муҳаққиқону омӯзгорон ба пойгоҳҳои муосири иттилоотию илмӣ ва баланд бардоштани нуфузи илми тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муҳокима намуданд.

Убайдулло Асрорзода иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавии илм ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ тақвияти ҳамкорӣ бо марказҳои бонуфузи илмӣ ва ноширии байналмилалӣ барои баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти илмии донишгоҳ аҳаммияти махсус дорад.

Дмитрий Султанов оид ба имконоти платформаҳои илмии ширкати Elsevier, аз ҷумла пойгоҳҳои маълумотии байналмилалӣ, воситаҳои таҳлили иқтибосҳо ва механизмҳои дастгирии муҳаққиқон дар самти интишори мақолаҳои илмӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар мулоқот масъалаҳо оид ба иштироки муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат дар раддабандиҳои байналмилалии донишгоҳҳо, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои илмӣ ва густариши ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ, татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии илмии муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон дар фазои байналмилалӣ ибрози омодагӣ намуданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Март 10, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад