Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем
ДУШАНБЕ, 22.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 10 декабри соли 2025 зимни иҷлосияи 20-уми Кумитаи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО яке аз суннатҳои арзишманди дигари ҷашни Наврӯз – номинатсияи миллии Тоҷикистон бо номи «Фарҳанги суманакпазӣ» ба Феҳристи мероси ин созмони бонуфуз ворид гардид. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 март дар паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бо хушнудӣ ёдовар шуданд.
Сарвари давлат дар идома хотирнишон намуданд, ки як қатор ойину суннатҳои дигари наврӯзӣ, аз қабили «Сездаҳбадари Наврӯз», «Дастархони наврӯзӣ – ҳафтсину ҳафтшин», «Базми ҷамшедӣ», бозиҳои варзишии хоси наврӯзӣ ва монанди инҳо низ ҳамчун мероси тамаддуни ориёӣ, аз ҷумла миллати тоҷик арзиши ҷаҳонӣ доранд.
«Ба ин хотир, вазифаи мост, ки ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем, арзишҳояшро омӯзем, густариш диҳем ва онҳоро ба наслҳои оянда бо тамоми зебоиву шукӯҳашон ба мерос гузорем», — таъкид намуданд Пешвои миллат.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад
Наврӯз роҳи расидан ба саодат, адолат ва дӯстиро тавассути эҳтиром ба решаҳои таърихӣ ва табиат талқин менамояд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият мебошад
Оростани хони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ рамзи эҳтиром ба анъанаҳои таърихӣ мебошад






