Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
ДУШАНБЕ, 30.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Магистранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи 6-уми кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон (OMOUS-2026) соҳиби медали тилло гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин аввалин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин олимпиада ба ҳисоб меравад.
Олимпиада аз 23 то 28 март дар шаҳри Ашқободи Туркманистон бо иштироки 547 нафар аз 72 донишгоҳ ва 10 давлати ҷаҳон баргузор гардид.
Фаррух Каримзода дар категорияи А (математикҳои касбӣ) бо намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон рақобат намуда, маҳорати баланди зеҳнӣ нишон дод.
Ёдовар мешавем, ки Фаррух Каримзода дар омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ саҳми фаъол дошта, ба насли наврас кумак мерасонад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






