Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Хизматрасонии «Oila TV» – ин беш аз 150 шабакаи телевизионӣ, зиёда аз 100 000 кинофилм ва силсилафилм мебошад. Аммо оё ҳангоми тамошо барои хизматрасонӣ ва сарфи трафики интернет маблағ пардохт кардан лозим аст ё не? Не, зарур нест, агар истифодабаранда ба тарофаи «Биё. Бисоз 2.0» аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» пайваст бошад. Бо ин тарофа мегабайтҳо аз бастаи асосӣ сарф намегарданд.
Тарофаи «Биё. Бисоз 2.0» имкон медиҳад, ки бастаи хизматрасониҳоро мувофиқи эҳтиёҷоти худ ба таври муносиб танзим намуда, танҳо барои он манбаъҳое, ки муштарӣ воқеан истифода мебарад, маблағ пардохт намояд. Миқдори зарурии мегабайтҳо, дақиқаҳо ва SMS-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона интихоб кардан мумкин аст, арзиш ба таври автоматӣ мувофиқи ин параметрҳо танзим карда мешавад. Зиёда аз 22 ҳазор вариант мавҷуд аст – мувофиқи дилхоҳ дархост. Намунаи тарофаи худро дар замимаи мобилии «МегаФон Life», ки дар он ҷо калкулятори қулай мавҷуд аст, инчунин бо ёрии онлайн-мушовирон ё дар идораҳои хизматрасонии ширкат ташкил кардан мумкин аст. «Биё. Бисоз 2.0» – барои онҳое, ки алоқаро мувофиқи табъу завқ ва буҷети худ интихоб мекунанд.
Истифодаи хизматрасонии «Oila TV» низ қулай аст. Танҳо кушодани замимаи мобилӣ, веб-сомона ё фаъолкунии телевизори Smart TV кофӣ аст, то дар дилхоҳ вақт филмҳо, силсилафилмҳо ё барномаҳои телевизиониро тамошо кунед. «Oila TV» барои тамошобинони Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба онҳо доираи васеи филмҳо, хабарҳо, барномаҳои варзишӣ, кӯдакона ва фароғатӣ барои тамоми оила пешниҳод мегарданд, пешбинӣ шудааст. Ба корбарон функсияҳои лозимӣ барои тамошои қулай дастрасанд: архиви эфир то 48 соат, ёдраскуниҳо оид ба барномаҳо, танзими сифати видео барои пахши устувор.
Барои муштариёни тарофаи «Биё. Бисоз 2.0» хизматрасонӣ ройгон мебошад. Дар дигар тарофаҳо арзиши хизматрасонӣ 1,30 сомониро дар як рӯз ташкил медиҳад. Пайвасткунӣ зуд ва осон аст: тавассути USSD-дархости *7117#, тариқи замимаи «МегаФон Life» ё ирсоли SMS ба рақами 7117.
Ба тарофаи «Биё. Бисоз 2.0» пайваст шуда, барномаҳо ва филмҳои дӯстдоштаро бидуни пардохти иловагӣ ва сарфи трафики интернет тамошо кунед! Маълумоти муфассал дар бораи тарофа – дар сомонаи ширкати «МегаФон Тоҷикистон».
АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






