«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад

Март 27, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 27.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 9 апрел дар Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии  «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Фурӯғи маърифат» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 

Фестивали мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки адибон, олимон ва коршиносони соҳа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир мешавад. Фестивал ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.

Дар  фестивал намоиши маҳсули дасти кӯдакону наврасон, намоиш-фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр, суҳбати кӯдакону наврасон бо адибон, сурат-далел аз ҷараёни баргузории фестивалҳои гузашта, порчаҳо аз намоишҳои Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак» ва намоиши Сирки давлатӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 2 апрел дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон маҳсуб мешавад. Ин сана шуруъ аз соли 1967 бо мақсади тарбияи муҳаббат ба китоб ва ҷалби диққати ҷомеа ба китобҳои бачагона таҷлил карда мешавад. Адабиёти кӯдакон аз ҷанбаҳои муҳимтаринест, ки ба онҳо  таълим дода, ҷаҳонбинии наврасонро васеътар мекунад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 27, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад