ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд

Март 25, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 25.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз рӯзҳои аввали фасли баҳор ҳамасола дар бозорҳои Тоҷикистон сабзаю алафҳои тару тозаи шифобахш ба фурӯш бароварда мешаванд. Аз ҷумла, чукрӣ, торон, шибит, рошак, қоқу, каравчак ва дигар намудҳои растаниҳои барои саломатӣ муфид дар мамлакати мо зиёд месабзанд. Ба таври зарурӣ истеъмол намудани ин растаниҳо дар организм ба сифати маводи зиддисироятӣ ё антибиотик хизмат мерасонад.

Тавре мутахассисон иброз медоранд, дар таркиби баргу пояи растании чукрӣ 95 фоиз об, 7 фоиз сафеда, 2,9 фоиз қанд, 1 фоиз нахи ғизоӣ ва 1 фоиз кислотаи органикӣ мавҷуд аст. 100 грамми он 16 килокалория энергия дорад.

Дар таркиби чукрӣ 325 милиграмм калий, 35 милиграмм натрий, 44 милиграмм калтсий ва 17 милиграмм магний ва фосфор, каротин, витамини B1, B2, витаминҳои PP ва витамини С мавҷуд мебошанд.

Қисматҳои истифодашавандаи он дар тиб — барг, поя, реша, кундареша ва тухми растанӣ мебошанд, ки муҳлати нигоҳдорияшон  то се сол аст.

Дар тибби мардумӣ чукриро чун гиёҳи иштиҳоовар ва барои илтиҳоби камшираи меъда, илтиҳоби ҷигару талхадон, тангшавии роҳҳои талха, табларза ва камхунӣ истифода мебаранд. Дар тибби муосир чукриро барои илтиҳоби пардаи луобии меъда, яъне гастрит, ки бар асари ин беморӣ хосияти шираҷудокунии меъда паст мешавад, тавсия медиҳанд. Чукриро ба беморони дорои фишори баланди хун низ тавсия медиҳанд.

Бояд иброз намуд, ки масъалаи омӯзиши олами набототи худрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи оқилонаю сарфакоронаи онҳо яке аз масъалаҳои муҳим буда, солҳои охир аҳамияти илмию амалии он ба маротиб меафзояд. Хусусан боғикунонии гиёҳҳои ғизоӣ ва нодиру камёфти худрӯй дар шароити имрӯза басе зарур аст.

Ба иттилои мутахассисон, ин гурӯҳи растаниҳоро хоҷагидорон метавонанд дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва боғҳояшон бе мушкилӣ парвариш намоянд.

Ин растаниҳои ғизоии ёбоӣ ба нигоҳубин ва ғизодиҳии иловагӣ  эҳтиёҷи зиёд надоранд. Кишти тухми ҳама намудҳои растаниҳои ғизоӣ бояд моҳҳои октябр-ноябр гузаронида шавад, то сертификатсияи табииро гузаранд.

Ба андешаи директори Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб, доктори илмҳои биологӣ Мариё Бобоев, кормандони Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб солҳои охир ба парвариши растаниҳои ғизоӣ ва нодир, ки яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мераванд, шуруъ намудаанд. Солҳои охир кормандони боғ гурӯҳи калони растаниҳои ғизоӣ ва шифобахшро дар шароити боғ парвариш менамоянд, ки ин ба ҳифзу нигаҳдории минбаъдаи онҳо мусоидат менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 25, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд