Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 26.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон дар ноҳияи Варзоб бо табиати зебо ва фаъолияти Осоишгоҳи «Сароб» шинос шуданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҳайати меҳмононро дар даромадгоҳи ноҳияи Варзоб бо риояи расму ойинҳои миллӣ ва анъанаҳои неки меҳмоннавозии тоҷикона самимона истиқбол гирифтанд.
Меҳмонон дар ин минтақаи Тоҷикистон бо табиати дилфиреб, куҳҳои сарбафалаккашида, манзараҳои нотакрор ва имкониятҳои сайёҳии ноҳия шинос гардиданд.
Ҳамзамон барои меҳмонон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд. Онҳо бо намунаҳои гуногуни ҳунарҳои анъанавии халқи тоҷик шинос шуда, ба таомҳои миллии омодакардашуда баҳои баланд доданд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти Осоишгоҳи «Сароб» ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи табобатию истироҳатӣ дар баландии тақрибан 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, соли 2004 ба фаъолият оғоз намудааст. Осоишгоҳ бо шароити мусоиди истироҳат, табобати муосир ва муҳити солими табиӣ барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ аҳамияти калон дорад.
Инчунин дар ин рӯз хабарнигорони васоити ахбори оммаи Қирғизистон дар шаҳри Душанбе аз бозори «Меҳргон» боздид намуданд. Меҳмонон дар ин макон бо маҳсулоти кишоварзии ватанӣ шинос шуда, меваю сабзавот, зироати маҳаллӣ ва маҳсулоти коркарди деҳқонро аз наздик диданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари хабарнигорони Қирғизистон дар Тоҷикистон то 27 март идома меёбад.
Ҳадафи асосии ин сафар таҳкими ҳамкории иттилоотӣ, тавсеаи робитаҳои касбӣ байни воситаҳои ахбори омма ва густариши муносибатҳои дӯстона байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад.
Бояд гуфт, ки боздиди хабарнигорони Қирғизистон аз Тоҷикистон сафари ҷавобӣ маҳсуб меёбад. Зеро қаблан гурӯҳи хабарнигорони Тоҷикистон моҳи июли соли 2025 ба Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳамин мақсад сафар анҷом дода буданд.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






