Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад

Март 1, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 01.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ амалиёти фаврӣ гузаронида шуд. Зимни баргузории он ҳолати решакан намудани гулҳои худрӯй, аз ҷумла   сияҳгӯш  ва омодасозии онҳо барои ба фурӯш баровардан ошкор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳадафи гузаронидани амалиёт ин таъмини иҷрои талаботи қонунгузории соҳавӣ дар самти ҳифзи олами наботот ва пешгирии муомилоти ғайриқонунии растаниҳои худрӯй мебошад.

Кормандони Раёсат бо шаҳрвандон оид ба талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи растаниҳои нодир, масъулияти ҳуқуқӣ барои ҷамъоварӣ ва фурӯши ғайриқонунии онҳо, инчунин аҳаммияти экологӣ ва зарурати ҳифзи гуногунии биологӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Бояд гуфт, ки ҳифзи захираҳои табиӣ, аз ҷумла растаниҳои худрӯй масъулияти муштараки ҷомеа мебошад. Пешгирии чунин ҳолатҳо ба нигоҳдории тавозуни экологӣ ва ҳифзи мероси табиии мамлкат мусоидат менамояд. Зеро  решакан намудани  растаниҳои худруй  ба оҳиста-оҳиста онҳоро ба нобудшавӣ мерасонад.

Тавре дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот»  омадааст,  барқарор кардан ва нигоҳ доштани пуррагии навъҳои растаниҳои нодири таҳти хатари нестшавӣ қарордошта, инчунин намудҳои растаниҳои худрӯи эндемӣ (гурӯҳи набототи аз ҷиҳати паҳншавӣ маҳдуд), қадимӣ ва дигар растаниҳо ба муҳофизат эҳтиёҷ доранд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 1, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд