ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд

Март 1, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 01.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 март аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ Рӯзи байналмилалии мудофиаи шаҳрвандӣ эълон гардидааст. Он бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба вазифаҳои муҳиме, ки аз ҷониби хадамоти мудофиаи гражданӣ ва мудофиаи миллӣ иҷро карда мешаванд — наҷот додани ҳаёт ва муҳити зист таъсис дода шудааст.

Дар айни замон 61 давлат аъзои Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ буда, 16 кишвар мақоми нозирро доранд ва беш аз 20 давлат аъзои ҳамкор мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2016 аъзои Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ мебошад. Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба соҳаи мудофиаи гражданӣ дар мамлакат Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Кумита дар доираи ваколатҳояш аз 16 феврали соли 2016 бо Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ ҳамкории судмандро идома медиҳад. Бо фаъолияти пайвастаи кормандони кумита аҳолӣ дар бораи чораҳои муҳим дар ҳолатҳои фавқулода, аз қабили обхезиҳо, заминларзаҳо, сангрезӣ, тармафароӣ ва сӯхтор огоҳ карда мешавад.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, соли 2025 барои омодасозии аҳолии мамлакат ба чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ 369 машқи мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд. Ба гузаронидани ин чорабиниҳо 78 ҳазору 258 нафар  аҳолӣ  ҷалб  карда шуд.

Бояд гуфт, ки  ташкили мудофиаи гражданӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, қисми таркибии сохтмони мудофиавӣ ва таъмини бехатарии мамлакат ба шумор меравад. Он маҷмуи чорабиниҳои умумидавлатии мудофиавӣ ва муҳофизатие мебошад, ки барои ҳимояи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Тоҷикистон то оғоз ва ҳангоми сар задани амалиёти ҷангӣ равона шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муносибатҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба масъалаҳои хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла масъалаҳои тағйирёбии иқлим, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро таҳия намудааст. Ҳадафи ин стратегия паст намудани хавфи ҷойдошта ва пешгирии хатари нави офатҳои табиӣ бар асоси таҳкими иқтидори миллӣ оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ мебошад.

Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон барномаи мобилии «SOS» таҳия намудаанд, ки яке аз муҳимтарин вазифаи он кумак ба аҳолӣ дар вазъияти фавқулода мебошад.

Замимаи мобилии «SOS» роҳи ҳалли ҳамаҷониба барои беҳтар намудани бехатарӣ ва омодагии одамон ба ҳолатҳои фавқулода мебошад. Ин барнома воситаи беҳтарин барои таълими асосҳои рафтори бехатар, вокуниши зуд ба таҳдидҳои эҳтимолӣ ва дарёфти иттилооти муосир дар ҳолатҳои буҳронӣ мебошад.

Хусусияти аслии ин маводи омӯзишӣ маслиҳатҳои муфид ва дастурҳои бехатарие мебошанд, ки аз ҷониби коршиносони ҳолатҳои фавқулода таҳия шудаанд. Барнома дорои огоҳиҳои саривақтӣ дар бораи ҳолатҳои фавқулода, огоҳиҳои фаврӣ дар бораи тағйирёбии обуҳаво ва ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ дар минтақа мебошад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоте аст, ки вазифааш аз бартараф сохтани ин ё он ҳодисаи табиӣ ва дар маҷмуъ мудофиаи шаҳрвандон иборат мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 1, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оростани хони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ рамзи эҳтиром ба анъанаҳои таърихӣ мебошад
СУМАНАК ЗЕБИ БАҲОР АСТ! Суманакпазӣ яке аз анъанаҳои қадимӣ ва суннатии тоҷикон аст
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАМИН. Ҳар нафар вазифадор аст дар хусуси хонаи умумии мо ғамхорӣ намояд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАНГАЛ. Хуч на танҳо хосияти шифобахшӣ, балки аҳамияти калони экологӣ низ дорад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ЗАХИРАҲОИ ОБ — МУҲИМТАРИН МАНБАИ ҲАЁТ. Соли 2028 дар Тоҷикистон Конфронси СММ оид ба захираҳои об баргузор мешавад
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад