ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 21.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар саросари дунё Рӯзи умумиҷаҳонии назм (шеър) таҷлил мешавад. Ин сана соли 1999 дар ҷаласаи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО расман муқаррар шуда, якумин маротиба соли 2000 дар шаҳри Париж таҷлил гардид. Ҳадафи асосии ин рӯз эътироф ва таблиғи арзишҳои шеърӣ, дастгирии ҳаракатҳои байналмилалӣ ва маҳаллии шоирона ва фароҳам овардани фазои ҳамоҳангии фарҳангӣ мебошад.
– Рӯзи умумиҷаҳонии шеър имконият медиҳад, ки шоирон ва дӯстдорони эҷодиёти адабӣ дар саросари ҷаҳон бо ҳам вохӯранд, таҷрибаи илҳомбахшашонро мубодила кунанд ва дар рушду густариши адабиёт саҳм гузоранд.
Дар Тоҷикистон ин рӯз дар доираи чорабиниҳои ҷашни Наврӯз гузаронида шуда, бо иштироки шоирони маъруфи мамлакат базмҳои шеъру суруд доир мегарданд. Бояд гуфт, ки соли 2016 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз ҳамоиши шоирони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар ин айём дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат маҳфилҳои адабӣ, нишастҳои эҷодӣ ва базмҳои шеъру суруд ташкил карда мешаванд. Дар ин гуна маҳфилҳо шоирони маъруф, адибон, навқаламон ва дӯстдорони каломи бадеъ ҷамъ омада, ашъори тозаэҷодашонро қироат мекунанд. Як хусусияти ҷолиби ин чорабиниҳо он аст, ки дар он шеър, мусиқӣ, суруд ва ҳатто рақс ҳамоҳанг карда мешавад. Ҳунармандон шеърҳои классикӣ ва муосирро бо оҳангҳои дилнишин иҷро намуда, фазои илҳомбахш ва пур аз эҳсос ба вуҷуд меоранд. Ин гуна барномаҳо дар густариши завқи бадеӣ ва баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷомеа нақши муҳим мебозанд.
Дар Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Ин озмун барои дарёфти шоирони наврасу ҷавон ва рушди шеъри муосир заминаи мусоид фароҳам меорад. Давоми 7 соле, ки ин озмун доир гардид, довталабони зиёд дар номинатсияи эҷоди назм, адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, ки ба ин номинатсияҳо шеър ва навъҳои он- рубоӣ, дубайтӣ, ғазал қитъа, мухаммас, мусаммат, мусаллас, тарҷеъбанд, таркиббанд ворид гардидаанд, фаъолона иштирок намудаанд. Ин нишони он аст, ки тоҷикон миллати шеърдӯст ва фарҳангпарвар мебошанд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдорию китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангӣ қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонид.
Ин озмун бори дигар дар дили ҳар фарди мамлакат меҳру муҳаббатро нисбат ба китобу китобхонӣ бедор намуд. Зеро тоҷикон китобро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» медонистанд. Воқеан, таърихи китобдории мамлакати мо аз таърихи китобхонаҳои дигар давлатҳо қадимтар буда, имрӯз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст.
Ба андешаи шоирон, шеър беҳтарин, баландтарин ва бузургтарин дастоварду дастовези инсоният давоми ҳастии ӯ мебошад. Танҳо шеър қодир аст, ки вақт, замон, ҳастии гузаронро нигоҳ дорад ва ба он абадият бахшад. Яъне шеър таҷассуми абадият аст ва ин баландтарин баҳоест, ки метавон ба он дод.
АКС аз манбаъҳои боз








НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАМИН. Ҳар нафар вазифадор аст дар хусуси хонаи умумии мо ғамхорӣ намояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАНГАЛ. Хуч на танҳо хосияти шифобахшӣ, балки аҳамияти калони экологӣ низ дорад
ЗАХИРАҲОИ ОБ — МУҲИМТАРИН МАНБАИ ҲАЁТ. Соли 2028 дар Тоҷикистон Конфронси СММ оид ба захираҳои об баргузор мешавад
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон






