Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
ДУШАНБЕ, 20.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунари кордсозӣ дар тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик ҷойгоҳи хос дошта, аз давраҳои қадим то имрӯз ҳамчун касби зарурӣ барои мардум хизмат мекунад. Дар байни минтақаҳои гуногуни мамлакат шаҳри Истаравшан, ки таърихи ҳазорсолаи ҳунарҳои мардумиро доро аст, то имрӯз ҳамчун маркази маҳорати нодири кордсозӣ шинохта мешавад.
Шаҳри Истаравшани Тоҷикистон дорои таърихи ҳазорсолаи ҳунарҳои мардумӣ аст. Дар ин макон ҳунармандон то имрӯз сохт ва нақшофарии кордро ҳифз намуда, бо истифода аз маводи табиӣ ва усулҳои миллӣ маҳсулотро бо сифати баланд омода мекунанд.
Кордҳои сохтаи ҳунармандони шаҳри Истаравшан аз рӯи шакл, таносуб ва нақшу усули коркард аз дигар минтақаҳо фарқ мекунанд. Ин ҳунар на танҳо барои истифодаи амалӣ, балки ҳамчун маҳсулоти коллексионӣ, армуғон ва туҳфаи миллӣ аҳамияти калон дорад.
Корд ҳамчун асбоби рӯзгор асосан аз пӯлод сохта мешавад. Он аз қисмҳои теғ, гулӯбанд, даста, сарбанд иборат аст. Барои теғи корд баъзе қисмҳои пӯлодии мошину тракторҳои азкорбаромада истифода мешаванд. Кордсозон ду навъи пӯлод – пӯлоди сафедро барои кордҳои армуғонию рӯзгорӣ ва пӯлоди сиёҳро барои кордҳои шикорӣ ба кор мебаранд. Гулӯбанди кордро аз 3-4 хел маъдан тайёр мекунанд. Он бештар аз мис, сурб, қалъагӣ, нуқра сохта мешавад. Дастаи кордро аз шоху устухонҳои ҳайвонот (бузи кӯҳӣ, оҳу, гов), чӯб, баъзан аз фулуз, шиша ва маъданҳои дигар низ месозанд.
Аз ҳама корди гаронбаҳо кордест, ки дастааш аз шохи каркадан ё оҷи фил сохта шуда бошад. Сарбанди корд низ ба монанди гулӯбанди он аз мису сурб ва ё нуқра сохта мешавад.
Тарзи омода намудани корд чунин аст: тахтапӯлодро дар оташи қура сурх карда, бо болға кӯфта, ба шакли теғ медароранд. Сипас пӯлодро 3-4 бор дар оташ сурх намуда, бо болға кӯфта, дар об меандозанд, ки ин амалро «обутобдиҳӣ» меноманд. Тавассути обутобдиҳӣ зичии пӯлод сахт мешавад. Теғи ҳосилшударо нахуст дар чархи сангаш дағал, сипас дар санги маҳинтар, баъдан дар санги резинӣ (чармӣ) ва намадӣ (мӯйина) дошта, тунуктару ҳамвор мекунанд.
Дастаи кордро аз устухон ва ё шохи ҳайвонот бурида, дар чарх ҷойҳои дағали онро ҳамвор намуда, мобайнашро барои гузаронидани дастаи теға мувофиқ мегардонанд. Дастаҳо ду хел мешаванд – яклухт ки аз миёнаш сӯрох мекунанд ва дукафон – аз дутарафи даста ду устухонро бо мехи мисин пайванд менамоянд. Дар қисми болои даста қолаберо омода карда, ба он нуқра, биринҷ, сурб ё маъдани дигареро гудохта, мерезанд. Онро бо сӯҳон соида, ба шакли гулӯбанд табдил медиҳанд. Сарбанди корд низ дар қолаб аз нуқра, сурб, биринҷ рехта мешавад. Баъзе сарбандҳо каҷ буда, барои аз даст наафтидани корд мувофиқ кунонда мешаванд. Гулӯбанду сарбанд аз дутарафи даста ҷой гирифта, дастаро аз ҷудошавӣ нигоҳ медоранд.
Ғилофи кордҳо аз чарм, чарми сунъӣ, чӯб, шохҳои оҳу ва буз сохта мешаванд. Дар даруни ғилофҳо чарми сахт ё картонро ба шакли хонаи теға ба девораҳои ғилоф пайванд мекунанд. Аз берун ғилофҳо бо нақшҳо, рангҳои гуногун ва чармпораҳо ороиш дода мешаванд. Ғилофи кордҳои армуғониро аз чӯби чормағз, устухон, шохҳои оҳу ва бузҳои хонагию кӯҳӣ сохта, бо нуқраву қалъагӣ, сурб ва рангҳо дар он нақшҳо тасвир мекунанд.
Дар кордсозӣ нақшҳои ислимӣ, ҳандасавӣ, занҷира, тасвири офтобу моҳу ситора ба кор мераванд. Нақшҳоро дар теғу даста ва гулӯбанду сарбанд ба тарзи ҳаккокӣ анҷом медиҳанд. Дар нақшофарии кордҳои миллӣ, ки марҳилаи ниҳоии сохт мебошад, нақшҳои анъанавӣ, гулҳои ҳандасӣ, офтобу моҳу ситора ва дигар рамзҳои миллӣ истифода бурда мешаванд. Ба андешаи ҳунармандони кордсоз, муҳлати омода намудани як корди одӣ чанд рӯз ва барои кордҳои нодир ва мураккаб то панҷ-шаҳ моҳро дар бар мегирад.
Ба андешаи коршиносон, таваҷҷуҳи сайёҳон ба раванди сохт ва нақшофарии корд нишон медиҳад, ки ин ҳунар метавонад ба яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон табдил ёбад.
Ҳунари кордсозӣ дар Тоҷикистон на танҳо ҳамчун касби амалӣ, балки чун унсури муҳими фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ боқӣ монда, барои эҳёи завқи бадеӣ, эҳтиром ба арзишҳои гузаштагон ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти бузург дорад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






