КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 22.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кулолгарӣ яке аз қадимтарин ҳунарҳои мардумӣ дар таърихи тамаддуни башарӣ буда, дар фарҳанги тоҷикон мақоми хосса дорад ва давоми ҳазорсолаҳо рушд ёфтааст. Ин ҳунар, ки аз коркарди гили табиӣ иборат аст, на танҳо ниёзҳои рӯзгори инсонро қонеъ мегардонад, балки бозгӯкунандаи сатҳи тафаккур, завқи зебоипарастӣ ва анъанаҳои миллӣ низ мебошад.
– Ҳифз ва рушди кулолгарӣ ҳамчун қисми муҳими мероси ғайримоддии фарҳангӣ вазифаи муҳими ҷомеа мебошад. Зеро ин ҳунар на танҳо хотираи таърихии миллатро нигоҳ медорад, балки ба тарбияи завқи бадеӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ низ мусоидат менамояд.
Тавре коршиносон иброз медоранд, зарфҳои гилин аз замонҳои пеш дар омода ва пешниҳоди таомҳои наврӯзӣ истифода мешуданд. Косаву табақҳои кулолӣ, кӯзаҳо ва дигар ашёи гилин барои гузоштани таомҳои миллӣ, аз қабили суманак, ош ва шириниҳои анъанавӣ васеъ ба кор мерафтанд. Махсусан, кӯзаҳои кулолӣ барои нигоҳдорӣ ва пешниҳоди обу нӯшокиҳо аҳамияти хос доштанд.
Яке аз вижагиҳои муҳими зарфҳои кулолӣ дар он аст, ки онҳо аз маводи табиӣ омода гардида, ба сифати ғизо таъсири манфӣ намерасонанд. Баръакс, чунин зарфҳо метавонанд ҳарорати таомро беҳтар нигоҳ дошта, ба он маззаи хос бахшанд. Аз ҳамин лиҳоз, ба истифодаи онҳо дар ҷашнҳои миллӣ, бахусус Наврӯз бештар афзалият дода мешавад.
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон то имрӯз барои ороиши дастархони наврӯзӣ ҳатман аз зарфҳои кулолии дорои нақшу нигори миллӣ истифода мебаранд.
Имрӯзҳо бо вуҷуди фаровонии зарфҳои муосир таваҷҷуҳ ба истифодаи маҳсулоти кулолӣ дар ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз афзоиш ёфтааст. Ин раванд ба эҳёи анъанаҳои миллӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мусоидат мекунад.
Ба андешаи мутахассисон, ҳифз ва тарғиби истифодаи зарфҳои кулолӣ дар чунин ҷашнҳо метавонад ба зинда нигоҳ доштани ин ҳунари бостонӣ ва ба наслҳои оянда интиқол додани он мусоидат намояд.
Коршиносон бар он назаранд, ки кулолгарӣ на танҳо ҳунари амалӣ, балки падидаи муҳими фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Нақшу нигорҳои рӯи маҳсулот аксаран маънои рамзӣ дошта, анъанаҳо, эътиқод ва ҷаҳонбинии мардумро таҷассум мекунанд. Ҳар маҳсулоти кулолӣ метавонад ҳамчун асари санъат арзёбӣ гардад.
Дар Тоҷикистон ҳунари кулолгарӣ дар баъзе минтақаҳо рушд ёфта, ҳунармандон анъанаҳои ниёгонро идома медиҳанд. Бо дастгирии давлат ва ташкилоти фарҳангӣ барои эҳё ва рушди ин ҳунар тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Ташкили намоишгоҳҳо, фестивалҳо ва омӯзиши насли ҷавон аз ҷумлаи чунин иқдом ба шумор мераванд.
Тарзи омода намудани махсулоти кулолӣ силсила ё марҳилаҳои пайдарпайро дар бар мегирад. Аввал гили мувофиқ аз табиат интихоб карда мешавад. Баъдан кулолгар бо истифода аз чархи кулолӣ ё бо даст ба гил шакли муайян медиҳад. Чархи кулолӣ, ки яке аз ихтирооти муҳими башарият маҳсуб мешавад, имконият медиҳад, ки маҳсулот бо дақиқӣ ва зебоии бештар омода гардад.
Пас аз шаклгирӣ маҳсулот дар муҳити табиӣ хушк карда мешавад. Марҳилаи муҳимтарини кор пухтани он дар кӯраҳои махсус мебошад, ки дар он ҷо ҳарорати баланд ба маҳсулот устуворӣ ва мустаҳкамӣ мебахшад. Дар баъзе мавридҳо рӯи зарфҳо бо рангҳои табиӣ ва нақшу нигори миллӣ оро дода мешаванд, ки ин амал ба маҳсулот зебоии хос мебахшад.
Кулолгарон намудҳои гуногуни маҳсулот истеҳсол менамоянд. Аз ҷумла, косаҳо, табақҳо, кӯзаҳо, дегҳо, зарфҳои обнигоҳдорӣ, ашёи ороишӣ ва ҳатто бозичаҳои кӯдакона аз гил сохта мешаванд. Ҳар минтақаи Тоҷикистон бо услуб, шакл ва нақшу нигори хоси худ фарқ мекунад, ки ин гуногунрангии фарҳангии мамлакатро боз ҳам ғанӣ мегардонад.
Ёдовар мешавем, ки кулолгарӣ имрӯз ҳамчун рамзи ҳунари миллӣ ва нишонаи тамаддуни бостонии мардуми тоҷик боқӣ монда, барои муаррифии фарҳанги мамлакат дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти бузург дорад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад
Наврӯз роҳи расидан ба саодат, адолат ва дӯстиро тавассути эҳтиром ба решаҳои таърихӣ ва табиат талқин менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият мебошад
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Оростани хони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ рамзи эҳтиром ба анъанаҳои таърихӣ мебошад






