Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҷашни Наврӯзро бо риояи суннатҳои миллӣ таҷлил намуд
ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташкили гӯшаҳои идона ва риояи анъанаю суннатҳо, аз ҷумла намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои дастӣ, зардӯзӣ, чодардӯзӣ, хӯрокҳои гуногуни миллӣ ва бозиҳои анъанавии наврӯзӣ таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода Наврӯзро аз ҷумлаи ойинҳои муқаддас ва бостонии ниёгон арзёбӣ намуд. Иброз дошт, ки фарорасии фасли зебои баҳор аз ибтидои соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад ва Наврӯз ҳамеша бо фарҳанг, санъат ва шаҳрсозӣ пайванди қавӣ доштааст.
Изҳор шуд, ки давоми таърих мардум бо фаро расидани Наврӯз ба покизагии муҳити зист, сабзкорӣ ва корҳои созандагӣ машғул мешуданд. Меъморӣ ҳамчун бахши муҳими тамаддуни миллӣ дар ин раванд нақши назаррас бозидааст. Аз қадим бо фарорасии Наврӯз дар шаҳрҳои тоҷикон майдонҳо, гулгаштҳо ва чойхонаҳо обод мешуданд.
«Пайки Наврӯзи имсола ҳамчун сароғози соли нави аҷдодӣ бо шукуҳу шаҳомати хос барои ҳар шаҳрванди мамлакат хотирмон хоҳад буд. Зеро имсол мардуми шарафманди мамлакат 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Бо ифтихор ва шукргузорӣ аз Ватани маҳбуби соҳибистиқлол, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва оромию осудагии давлат имрӯз Тоҷикистон ба мамлакати ободу зебо, гулафшон ва боғу бӯстони биҳиштосо табдил ёфтааст. Дар ин замина бояд гуфт, ки дар ороишу зебоии тарҳи кӯчаву хиёбон, гулгаштҳо, боғу истироҳатгоҳҳо, фароғатгоҳҳо ва биноҳои баландошёнаи хуштарҳу зебо саҳми сохтмончиёну меъморон ва лоиҳакашон хеле калон аст», — баён гардид зимни ҳамоиши идона.
Дар ҷараёни ҳамоиш барномаи фарҳангӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, ба монанди вазнбардорӣ, бандкашӣ ва дастхобонӣ, ки аз қисматҳои дигари чорабинии бошукуҳи идона ба ифтихори таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ буданд, намоиш дода шуданд.
Дар фарҷом ғолибони озмунҳои наврӯзӣ ва як зумра кормандон барои иштироки фаъолона ва саҳми босазою арзанда дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти ин унвон дар Ёвон ҳамоиши бошукуҳи наврӯзӣ доир шуд
Шукуҳи наврӯзии муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Хадамоти алоқа ҷашни Наврӯзро бо иштироки меҳмонони хориҷӣ таҷлил намуданд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд






