Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд

Март 25, 2026 09:20

ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи Ҷашни байналмилалии Наврӯз 23 март дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Исмат Шарипови ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) бо ҳузури беш аз 15 ҳазор мухлисону ҳаводорони варзиш баргузор гардид.

Дар мусобиқаи гӯштини миллӣ гӯштингирон — паҳлавонони шинохта аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд. Дар мусобиқа садҳо туҳфаҳои арзандаи идона ва даҳҳо гову шутуру асп ғолибонро интизор буданд.

Инчунин барои се паҳлавони муваффақи майдон- ғолибон мукофоти олӣ- мошини сабукрави арзишманд гузошта шуд. Барандаи Ҷом ба номи Усмонқул Табаралиев низ соҳиби Шоҳҷоиза шуд.

Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар деҳаи Булёни ноҳияи Данғара дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар он беҳтарин паҳлавонон давоми беш аз 7 соат рақобат намуданд.

Дар ин мусобиқа паҳлавонони тоҷик Шарифҷон Назриев, Хуршед Маҷидов, Шодман Ризоев, Ғазалшои Давлатшоҳ, Мансур Раҳмонов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Дадахон Қурбоналиев, Субҳиддин Халилзода, Ҳақназар Назаров, Абубакр Шеров, Ҳайдари Саидкабирзода, Муллораҷаб Халифаев, Мирзоҷамил Рамазонов, Зафар Олимшоев, Абдуллои Ориф, Баҳром Суфиев, Муҳаммадисо Раҷабов, Ёсин Бобокалонов, Лоиқ Қутбиддинов, Музаммир Каримзода, Наврӯз Каримзод ва Идибеки Амиршо бар ҳарифонашон ғолиб омада, ҷоизаҳои олиро сазовор гардиданд.
Зимни мусобиқа аз ҷониби ташкилкунандагон барои ғолибон туҳфаҳои гуногун, аз ҷумла 3 мошин ҳамчун Шоҳҷоиза гузошта шуд, ки дутояшро Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиб гардиданд. Як Шоҳҷоизаи дигар байни Шарифҷон Назриев ва Шодмон Ризоев гузошта шуд. Онҳо давоми як соат бо ҳам рақобат карданд, вале ғолиб муайян карда нашуд ва ин Шоҳҷоиза аз ҷониби масъулини мусобиқа ба хона-интернати ноҳияи Данғара тақдим карда шуд.

Мусобиқаи гӯштини миллӣ, ки бо мақсади эҳё ва рушди анъанаҳои миллии варзишӣ ва таърихи гӯштингирӣ баргузор шуд, ба рӯйдоди муҳими фарҳангӣ табдил ёфт.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 25, 2026 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд