МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода

Март 1, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» имсол дар мамлакат 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҷлил карда мешавад. Дар робита ба ин сана нигоштае дар мавриди дурахши навоварӣ ва ҳунар дар шеъри Мирзо Турсунзода манзури хонандагон гардонида мешавад.

-Агар хоҳем, зуҳури дурахшон ва муҷаллои Мирзо Турсунзода ё тулуи хуршедии ӯро дар зиндагӣ ва адабиёт тасвири бадеӣ бидиҳем, ӯро метавон ба рӯди зулоле шабоҳат дод, ки аз канори қаторкӯҳҳои Ҳисор, аз дараи сарсабзи Ҳакимӣ, аз доманаҳои деҳаи Қаратоғ-зодгоҳи шоир, аз сарчашмаҳои зулолу поки кӯҳистон дамидаву ҷорӣ шудааст. Рӯди зулолу бегарду ғубори кӯҳӣ, ки бо худ як олам таровату сафо ва паёми покиву нишоту сарсабзиҳоро ба рӯзгори мардум бурдааст.

Вожаи «рӯди кӯҳӣ»-ро дӯст доштану аз он корбурди фаровон доштани устод Турсунзода бесабаб нест. Рӯди поку зулоли кӯҳӣ як умр рамзи муқаддаси зиндагии шоирона, сарчашмаи маърифати пок ва илҳоми саршори устод будаву мондааст.

Сараш бар санг мезад рӯди кӯҳӣ,
Ба доман чанг мезад рӯди кӯҳӣ.
Ба мисли шири навҷӯшидае буд,
Палангу бабри хуннӯшидае буд.
Дара аз ғурриши обаш садо дод,
Насимаш руҳро, ҷонро ғизо дод…

Баъдан мо пайваста бо ин сафову ин зулоливу ин таровати рӯди кӯҳӣ ва обҳои зулоли диёр дар ашъори шоир вомехӯрем, яъне Мирзо Турсунзода ҳарчанд давоми зиндагӣ ва фаъолияти ибратомӯзи худ ба мақомҳои бузурги ҷамъиятиву давлатӣ ва адабӣ расидааст, аммо ҳаргиз ин сафову ин покӣ ва симои хоксоронаи инсонии худро аз даст надодааст.

Ва вақте Турсунзода мегӯяд:

Рӯди ман олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон,
Сазаминат пурсамар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон,
Даври ман даври дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон,
Дидаву дил пуршарар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон,

метавон чунин маъно бардошт, ки “рӯди ман, олам дигар шуд, аммо ту ҳамон покию софии худро тавонистӣ нигоҳ дорӣ”. Ин тасвирро метавон мансуб ба худи устод Турсунзода донист, ки бо ҳама бардоштҳои шигифтангез, бо ҳама ба сар бурдани бӯрону тӯфонҳои замон, бо дидани иззату мансабу минбарҳои баланд заррае аз ҷиҳати одобу покии ниҳоду сиришти неку хайрхоҳонаи инсонӣ дигар нашуд ва ин ҳама хуҷастагиҳоро дар худ маҳфуз дошт.

Барои мо, тоҷикон, хусусан насли мо ва гумон мекунам, наслҳои дигар ҳам Мирзо Турсунзода бештар аз як шоир, бештар аз як ходими бузурги ҷамъиятиву сиёсӣ мебошад, ба он далел, ки ҳанӯз аз хурдсолӣ мо бо шеъри Турсунзода чун бо шири модар парвариш ёфтаем.

Мо шеърҳои ӯро дар хурдсолӣ азбар мекардему тавассути онҳо равону солим сухан кардан, зебо андеша рондан, самимиву хайрхоҳу некбин буданро меомӯхтем. Шеърҳои Турсунзода ба мо забони фасеҳу тозаи модариро таълим додаанд. Тавассути ин шеърҳо мо беҳтарин сифатҳои инсонӣ: ватанпарварӣ, башардӯстӣ, нек будан, сулҳпарварию дӯстдории беғаразонаро омӯхтаем.

Дар мавриди ҳаёт ва эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода таҳқиқот ва мақолоти зиёд навишта шудаанд ва дар аксари онҳо, пеш аз ҳама, симои сиёсӣ ва хидматҳои ҷамъиятӣ, мақоми байналмилалии устод тааддуд ва тасаллут бар шоирии ӯ доштаанд. Дар бораи шеъри устод низ пажӯҳишҳои зиёде аз ҷониби адабиётшиносони ватаниву хориҷӣ ба анҷом расидаанд ва аксари онҳо дар баробари мавзуъҳои фарогирифтаи шеъри шоир, инчунин шахсияти шоир, руҳияи баланди ватандӯстиву инсонпарварӣ, мавқеи шоириву инсониву ҷамъиятии ӯро низ мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Аммо дар мавриди ҳунари шоирӣ ва хусусан саҳми бузурги устод Турсунзода дар навоварӣ ба шеъри муосир, ки ба андешаи мо, маҳаки асосии ному шуҳрати безаволи шоирии ӯянд, муҳаққиқон камтар кор бурдаанд. Мо мехоҳем рӯшноие ба ин мавзуъ бияндозем. Ҳадафи мо нишон додани симои эҷодии устод Турсунзода ҳамчун шоири навовар ва вежагиҳои ҳунарии ӯст.

Мирзо Турсунзода — шоири навовар

Устод Мирзо Турсунзода дар адабиёти қарни бист, дар шеъри муосири мо пас аз Устод Айниву Абдулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймониву Ҳабиб Юсуфӣ мавқеи хосса ва устувор дорад. Ҳақиқат ин аст, ки маҳз шеъри Мирзо Турсунзода ба таври комил ва вусъатдор воқеан асоси шеъри навин ва навоваронаи адабиёти муосири моро гузоштааст, то ҷойе, ки маҳз баъд аз ӯ ва дар заминаи эҷодиёти навоваронаи ӯ шеъри муосири мо рӯ ба пешравӣ, навгӯиву навҷӯиҳо ва бозёфтҳои шоирона, рӯ ба баёнҳои тоҷикона овардааст. Дар мавриди тозаҷӯиву навоварӣ дар шеъри муосирамон шоиреро дастболотар аз ӯ наметавон ёфт.

Дар адабиёт, хусусан дар шеър шоири бузург ва мондагор ҳамонест, ки бо сабку услуб ва андешаи тоза, бо тарзи нави баён, бо тозагиҳо дар тасвиру ҳунар, таҳқиқи масъалаҳои иҷтимоиву фалсафиву сиёсӣ ва ҳунарӣ арзи вуҷуд карда, суханаш ба талаботи баланди меъёрҳои суханварӣ ҷавобгӯ бошад. Сиришти баланди шоиронаи устод Мирзо Турсунзода сабаб шуд, ки ӯ бо ҳама гирифториҳо ва масъулияти гарону ҳамарӯзае, ки муҳит ва замон ба дӯшаш гузошта буд, бо вуҷуди он ки дар бузургтарин созмонҳои сиёсӣ ва ҷаласаҳои байналмилалӣ, кумитаву созмонҳо ва маҷлисҳои олӣ ҳамеша гирифтор буд, тавонист саҳми бузургу боризашро ҳамчун шоири ҳунарманду навовар дар шеъри муосири мо гузорад. Ҳамин сиришти худододи шоирона буд, ки Мирзо Турсунзода тавонист аз байни ин ҳама анбӯҳи гирифторӣ дар муҳити сиёсиву ҷамъиятӣ симои муҷаллои шоиронаашро боло бардораду дурахшон намояд.

Албатта, дурахши навовариву тозагӯиҳои шоиронаро мо дар аксари шеърҳои ӯ низ мебинем, аммо ба таври шоиставу барҷаста навовариҳои адабии Мирзо Турсунзода дар достонҳои ӯ ҷилвагар гардидаанд, хусусан дар манзумаву достонҳои “Садои Осиё”, “Ҷони ширин”, “Ҳасани аробакаш”. Пажӯҳиши кӯчаки мо низ асосан дар сари ҳамин се асари номбурда қарор хоҳад гирифт.

Бубинед, қариб ҳар яке аз ин достонҳо дар адабиёти навини мо ҳам аз ҷиҳати пайгирии ҳадафҳо, ҳам аз ҷиҳати услубу сохт, ҳам аз лиҳози ҳунари истифодаи санъатҳо, ҳаллу фасли мавзуъҳои ҷиддиву мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ, ҳам аз ҷиҳати забону баён ва ғайра падидаҳои наву бешабеҳ будаанд. Устод Турсунзода тавонистааст мавзуъҳои тоза ва ба куллӣ нави милливу башариро дар шеъри навини замони худ бо диди нави шоирона ва бадеияти хосса таҳқиқ намояд, то ҷойе, ки аксари ин асарҳо дар тамоми собиқ шуравӣ ва берун аз ҳудуди он, дар кишварҳои Осиёву Африқо шуҳратёр шуданд. Аз рӯи моҳият ва фарогирии масъалаҳо дар осораш метавон садо ва намои Турсунзодаро садо ва намои Осиё номид.

Садои Турсунзода — садои Осиё

Шуруъ мекунем аз манзумаи “Садои Осиё”, ки шабеҳи косаест, ки дар он баҳрро ғунҷондаанд. Бубинед, ин оҳанги баланд ва фарогиреро, ки аз сиришти инсони озод ва муътақид ба хеш дар худ розу ниёз ва дарду алами як қитъаи дунёро тавонистааст таҷассум кунад. Аз забони шоир як қитъаи бузурги дунё — Осиё сухан мегӯяд ва ҳузури қитъаҳои дигар, аз ҷумла Африқоро дар канори он эҳсос мекунед. Он чи ба шоир дар эҷод ва ҳалли мавзуи пешгирифтааш неру бахшидааст, ҳамон руҳи озодипарастии ӯст, ки аз руҳияи миллии халқҳои мазлуми ин минтақа сарчашма мегирад. Ин ҳунари шоири тоҷик аст, ки тавонистааст ин қитъаи паҳноварро бо ҳама мушкилу дардҳо ва розу ниёзҳо дар як манзума гунҷоиш бидиҳад. Сиришт ва чеҳраи башардӯстонаву хайрхоҳонаи шоири тоҷик дар саросари достон падидор аст. Осиё дар тасвири Мирзо Турсунзода як пайкари зиндаест, ки садояш “мавҷи дарёву ғурриши баҳри дамон” аст. Ва мақому мароми шоири тоҷик дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ чунон аст, ки ӯ ҳақ дорад чун як башардӯст бо қатъият нидо кунад:

Рафт давре, ки ҷудо буданд мисли чашмҳо,
Халқҳо-ҳамсояҳо дар сарзамини Осиё!

Чин, Ҳиндустон, Индонезия, Бирма, Миср, Сарандеб.., рӯдҳи бузурги Нил ва Ганг дар манзума рамзҳои бедориву суннатҳои қавӣ ва пойдори мардумро таҷассум мекунанд ва дар як навори бузургу рангин падид меоянд. Тамоми Осиё бо хуҷастагиҳои навини худ дар манзума на ин ки тасвири дурахшони шоирона меёбанд, балки бо руҳи баланди озодихоҳӣ, арзишмандиҳои хоси худ ва ангезишҳои ватандӯстонаву инқилобӣ алайҳи ҷаҳолат ва ҷабру зулми ҷаҳондорон намудор мешаванд. Шоир тавонистааст тавассути ҳамдардиву ҳамдилӣ ин ҳама халқу кишварҳоро дар сари як армони инсонӣ ба ҳам орад ва муттаҳид созад ва ба ҳадафаш бирасад:

Шери сангин пардаро бардошт…
Раъду барқ хест.
Аз Сувайс омад садои халқ:
“Мебоист зист!”.
Бо ҳамин нийят садои Осиё ояд баланд,
Бо ҳамин нийят намояд пора занҷиру каманд.

Ин манзума намунаи дурахшони ашъорест, ки тавонистааст дар худ руҳияи баланд ва бегазанди халҳоро таҷассум созад. Аз ин рӯ беҳтарин асар дар мавзуи озодии инсон, озодии кишварҳо ва таҷассуми армонҳои миллии халқҳои Осиёст.

Муҳаббати инсонӣ ва самимияти софдилонаи устод Турсунзода дар ин манзума чунон аст, ки хонанда ба ҳама халқу кишварҳое, ки бо хусусияти хосу мушкили зиндагияшон ба қалам омадаанд, меҳр пайдо мекунад ва ин меҳр меҳри муаллиф аст, ки дар сиришти хонанда низ ҷо меёбад, ӯро нисбат ба Осиё ва халқҳои он хайрхоҳу некбин мегардонад.

Пайкараи дурахшони инсонии Мирзо Турсунзода, ки дар худ армонҳои башариро таҷассуми шоирона бахшидааст, дар саросари ин манзума қомат меафрозад. Аммо дар баробари рӯдҳои азими сайёра шоир аз рӯди кӯчаки деҳаи худ, ки дар баёни рамз на камтар аз рӯдҳои бузург аст, фаромӯш намекунад:

Рӯди хурди деҳаи ман ҷастухезе мекунад,
Осмони Тоҷикистон рангрезӣ мекунад…
Рӯди хурди деҳаи ман рӯди пуршӯр аст, шӯр,
Бо садои рӯдҳои Осиё ҷӯр аст, ҷӯр.

Ин пора мисли навор, мисли тасвирест, ки ҳамеша, вақте ӯ дар бораи кишварҳои мазлуми Шарқ сухан мекунад, рӯбарӯяш овезон аст.

Дар поёни манзума ин зулолӣ низ рамзи ниҳод ва сиришти поки тоҷикон буда, мисли ҳама ашъори дигари шоир ангезиши ватандӯстонае ба хонанда медиҳад.

Дар мавриди корбасти ҳунару санъатҳои бадеии ин манзума низ метавон ҳарфҳо гуфт. Масалан, бубинед, чунин тасвири шоиронаро, ки дар он пайкараи бадеии як қитъаи дунё пеши назар меояд:

Ман суруди Осиёям, қитъаи огоҳдил,
Қитъае, ки кард қомат рост аз болои гил.

Дар ин ҷо “суруди Осиё”, “қитъаи огоҳдил”, “қомат рост кардан аз болои гил” ҳама дар моварои худ як ҷаҳон мазмун ва ногуфтаҳоро мегӯянд.

Ё мисраъҳое чунин тасвирбор, ки дар пасаш рамзҳои дорои маъниҳои иҷтимоиянд:

Нил агар саршор бошад,

лаб занад, ҷӯшад, дамад…

ё тасвири руҳи “духтари даҳсола”-е, ки “дар деги ҷӯшон пухтаанд”:

Мебарояд чун шафақ дар пешвози субҳи рӯз…

Ва ҳар боре, ки андешаҳои шоир ба зодгоҳаш боз мегардад, мо ҳам ифтихори ватандорӣ ва ягонагии меҳани худро бо ҷаҳону башар эҳсос мекунем. Ин ягонагӣ аз сиришти шоири хайрхоҳ ва некбин сарчашма дорад. Яъне муҳаббати ватандӯстонаи шоир бо муҳаббати башардӯстонаи ӯ омезиш ёфта, ин ягонагиро ба вуҷуд меоварад.

Дар саросари ин ашъор тасвир ва андешаи шоирона ҷавлон мезанад:

Ман ба ин рӯди азизам меҳри дилро додаам,
Ҳамраҳаш дар кӯҳсорон роҳи нав бикшодаам.

Ҳамраҳи рӯди кӯҳсор роҳи нав бикшодан ҳам андешаи шоирона аст ва ҳам рамзи бадеӣ.

Тасвир ва андешаҳои шоиронаро аз манзумаи “Садои Осиё” метавон фаровон овард:

Аз гузашти рӯзгори бад бузургон гуфтаанд,
Дурри маъниро ба сӯҳони тафаккур суфтаанд.

Манзур “дури маъниро ба сӯҳони тафаккур суфтан” аст.

Манзумаи “Садои Осиё” як падидаи наҷиб ва тозае дар шеъри муосири мо буд, ки саросар ҳам тасвирҳо ва ҳам андешаҳо дар он рамзӣ буда, мавзуъҳои гуногуни инсондӯстӣ, ватанпарварӣ, инқилобӣ, бедории миллӣ, армонҳои башарӣ, ростиву дӯстӣ, ҷабру зулму ситам, тасвирҳои табиат ва ғайраро дар як силк ба ҳам меорад ва аз ҳунару қудрати эҷодии шоир, хусусан аз тозагӯиву тозаҷӯиҳои шоиронаи ӯ дар он замон дарак медиҳанд, зеро аксари ин тасвирҳо, баёнҳои равону сода, аммо пурбору ҳадафноки онҳо барои адабиёти навини мо зуҳуроти тозаву нав буданд ва маҳз онҳо дар тамоми ашъори устод Турсунзода заминаи мустаҳками шеъри навини моро гузоштанд, ки ба як адабиёти наве бо нафаси тоза ва диду андешаи нав асос шуданд, то минбаъд шоирони насли баъдина ин равандро идома диҳанду муваффақ шаванд. Ин замине буд, ки дар солҳои шасту ҳафтод як таҳаввулоти ҳам мавзуӣ ва ҳам ҳунарӣ дар шеъри муосири мо ба вуҷуд омад. Шоирони соҳибзавқу навовар, ба мисли Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар, Гулрухсор ва насли баъдина дар ҳамин замина зуҳур кардаанд.

Биёед, барои равшантару далелноктар нишон додани навовариҳои ҳунарӣ дар шеъри Мирзо Турсузода ба ду достони машҳури ӯ “Ҷони ширин” ва “Ҳасани аробакаш” назаре андозем, ки ҳарду навгониҳои барҷастаи адабиёти навини мо гардиданд.

Хуҷастагиҳои ҳунарии достони “Ҷони ширин”

Мифтоҳ ё калиди сеҳрангезе, ки устод Мирзо Турсунзода барои ворид шудан ба дари тилоии достони “Ҷони ширин” офаридааст, ба ӯ имкон додааст ба оламе дарояд ва моро ҳам ҳамраҳаш ворид намояд, ки ҳама дар он олам тозаву нав буда, таровату зебоӣ ва хуҷастагиҳои худро дорад. Ин услуб: суҳбат бо инсони маҳбубу ҳамдил домани андеша, тасвир ва розҳоро номаҳдуд медорад ва имкон медиҳад, ки шоир тавассути он тамоми масоили замину замон ва рӯзгору ҷаҳонро ба тасвири шоирона бигирад.

Забони нарму ривоятии достон чунон содаву равон ва ҷаззоб аст, ки намехоҳед аз мутолиаи он лаҳзае канда шавед. Ёдам ҳаст, ки дар синни мактабхонӣ ин достонро бо ду-се бор хондан азёд карда будам ва бисёр ҷавонону наврасоне буданду ҳастанд, ки онро аз бар медонанд. Ин худ на кам далел аст аз комёбии достону ба ҳадаф расидани муаллифи он. Ба ҷуз ин аз ҷиҳати фарогирии мавзуӣ ин достон шиносномаи хубе аз оламу одам барои хонанда буда, маърифати дунёшиносии ӯро меафзояд.

Аз мисраъҳои аввали достон хонанда шарики муколамаи ҷаззоби шоир мешавад ва лаҳни ширин, самимона, эътимодбахши шоир ӯро бо худ мебарад, шабеҳи он ки шумо савори як мошини ҳарҷогард бо таваҷҷуҳи хосса ба сайру тамошои тамоми дунё мебароед. Дар достон, бидуни ягон мушкил, даҳҳо мавзуи ҳаётию инсонӣ ва сиёсӣ бадоҳатан бардошта мешаванд, ки шумо худ бехабар ва ба таври табиӣ, мисли ин ки дар саёҳати олам ҳузур доред, дар гузоришу ҳалли онҳо ширкат меварзед. Сухани шоир дар ин достон болу паре дорад, ки шумо савори он дунёро сайр мекунед.

Достон аз баёни муҳаббати содиқонаи ҳамсар чунон оғоз меёбад, ки ба садоқату самимияти он шубҳае намемонад:

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун.
Гашта-гашта аз сафар боз омадам,
Боз дар наздат ба парвоз омадам…
Ин дили ман манзили ёди ту буд,
Ёди рӯи ҳуснободи ту буд.
Бе ту нагзашт аз гулӯям об ҳам,
Бе ту дар чашмам наёмад хоб ҳам…

Эҳсос мекунед сеҳри суханони шоирро, ки мисли сабзаву гулҳо бадоҳатан рустаанду тароватҳои хоси худро доранд ва машоми завқу табъи шуморо муаттар месозанд? Сипас, пайваста аз садоқати хонаводагӣ, аз масъулияти падарӣ, аз ғарибиву ҷустуҷӯи бахт, аз амри ватану дӯстиву амонӣ, аз ғаму мушкили халқҳои мазлуми ҷаҳон, гиряи фарзанд, мақоми зан дар ҷомеа, аз муносибатҳои байни миллатҳо, аз армонҳои инсонӣ ва даҳҳо масъалаҳои мубрами рӯзгор чунон суҳбати ҷаззобе ороста мешавад, ки шумо бехабар мемонед, чӣ гуна шоир ҳунармандона ғояҳои баланди инсонӣ, садоқати муҳаббату адолатпарвариро дар дили шумо ҷой мекунад ва шумо аз мутолиаи ин достон огандаи меҳру садоқати Ватан ва андешаҳои неки инсонӣ, бо назари ба куллӣ неку тоза бурун меоед.

Метавон байт ба байт хуҷастагиҳои ҳунарии шоирро дар ин достон мисол овард. Оё ин тарзи навишт, чунин баёни шоиронаи андешаву ақидаҳо ба якборагӣ дар мавзуъҳои мухталиф дар ин достон гувоҳи навовариҳои устод Турсунзода нестанд!? Оё чунин услуб, чунин тарзи баён дар адабиёти навини мо назир доштааст? Ҷо-ҷо дар гиру мону тасвирҳову баёнҳо эҳсос мекунед, ки Мирзо Турсузода огоҳии хубе аз услубҳои достоннависии гузаштагон, хусусан ҳаким Низомӣ ва хусусан достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-и ӯ дорад. Аммо мавзуи пешгирифтаи шоир, тарзи ҳалли он ба куллӣ тозаву навоварона аст.

Мо барои ба дарозо накашидани сухан аз таҳлили ҳамаҷонибаи достон худдорӣ мекунем, аммо байте чанд аз он чун далели шаффофии забону баён ва дурахши ҳунари шоир меоварем:

Бе ту ҳар як рӯзи ман як сол шуд,
Бе ту дил ғаш кард, чун атфол шуд…
Бе ту дар тӯю тамошоҳо шудам,
Бе ту гоҳе булбули гӯё шудам,
Лек дар пеши назар рӯи ту буд,
Ҷилваҳои чашму абрӯи ту буд…

Чи гуна осон шоир бо содагиву равонии баён ба тасвир ва ибрози мақсади худ ноил мешавад. Мисраъҳо мисли риштаҳои обшоре поку зулол ба чашму рӯ, ба дили бози шумо мерезанд ва шуморо покизатар месозанд. Оё ин нест он саҳли мумтанеъ? Ва орому ноаёну табиӣ шоир ба ибрози андешаҳои инсонпарваронаи худ мегузарад:

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо,
Халқҳоро зиндагӣ илқо кунем,
Меҳри дилро ҳадя бар онҳо кунем.

Ӯ як барномаи неки ҳадафманди сиёсиро ноаён ба хонанда илқо мекунад, ки аз ҳикмат ва тасвири барҷастаи шоирона орӣ нест:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Қалъа аз як пояи девор нест,
Боғ ҳам аз як буни пурбор нест.

Ва санъати сухан низ, чунон ки мебинед, хеле ҳакимонаву бамаврид ва табиӣ омада, ба андешаи шоир намо ва неру мебахшад.

Сухани шоир дар сари ҳар қадам бо тасвиру образҳои таъсирбахштару муассиртар садо медиҳад:

Аз ватан гап сар кунӣ, дармегирифт,
Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт…
Лек чашмонаш шарар мерехтанд,
Хуни ҳасрат аз ҷигар мерехтанд.

Маҳз ҳамин баёнҳои муассири шоирона тавассути санъати сухан ин манзумаро шоиронаву таъсирбахш мекунанд:

Печутобаш мисли мавҷи об буд,
Обҳои воҳаи Панҷоб буд…
Табъ сарбозу қалам шамшер шуд,
Посбонаш назми оламгир шуд.

Чунон ки мебинед, истифодаи санъатҳо табииву бадоҳатан сурат мегиранд. Аммо ин ҷо санъатҳо бар дӯши худ ҳадафҳои баланди шоирро мебаранд.

Ин достон шабеҳи оинаест, ки дар рӯ ба рӯи ҷаҳону зиндагист ва ин ҷаҳону зиндагӣ бо ҳама дурахшу шукуҳу муаммову дурнамоҳо ба якборагӣ дар он инъикос ёфтааст. Шоир тавонистааст гиряи фарзанду тобишҳои он, озодии инсон, мақоми зан дар ҷомеа, сулҳу дӯстии халқҳои олам, масъалаҳои нажодӣ, бедории миллии халқҳо дар ҷаҳони сеюм, шахсиятҳои барҷастаи замон ва инсонҳои одии ирқу нажодҳояшон гуногун ва ғайраву ғайраҳоро, ки мавзуъҳои мухталифанд, дар як тасвир ва пайванди мантиқӣ, дар як навори руҳонӣ шоирона ва таъсирбахшу хонданӣ ба қалам диҳад.

Дар достон, аз ҷумла масъалаҳои нозуки руҳониву равонӣ, муносибатҳои нозуки инсониву башарӣ низ инъикоси бадеӣ ёфтаанд. Хуллас, достони “Ҷони ширин” низ яке аз асарҳои навоваронаи устод Турсузода маҳсуб мешавад, ки бо услуби хоссаю ҷозибаи баланди сухангустарӣ саҳифаи тозаеро дар адабиёти муосири мо боз кардааст.

Достоне, ки бори як романро бар дӯш дорад

Дар байни асарҳои устод Мирзо Турсунзода достони “Ҳасани аробакаш” бо фарогирии масъалаҳои мухталиф, тасвири қаҳрамонони мушаххасу нотакрор, ҳунари нависандагӣ, воқеанигорӣ ва мазмунофаринӣ, баёни содаву дастрас хуҷастагии хос дорад.

Пажӯҳиши ин достон мавзуи таҳқиқи алоҳида аст, аммо бо нияте, ки пеши худ гузоштаем: оид ба навҷӯӣ ва навоварӣ дар эҷодиёти Турсунзода ҳатман ҳарфе чанд дар мисоли ин достон бояд бигӯем. Зеро достони “Ҳасани аробакаш” низ чун манзумаи “Садои Осиё” ва достони “Ҷони ширин” барои адабиёти муосири мо дар он замон падидаи нав буд, ки бо бисёр хусусияти ҷолиб ва барои шеъри он рӯзи мо бесобиқа арзи вуҷуд кард.

Достонро метавон романи манзум номид, зеро аз ҷиҳати фарогирии замон, бунёди сохти наву сохтмони даврони нав ва масъалаҳои сиёсию иҷтимоиву таърихӣ мувофиқ ба он аст. Дар достон замони бунёди даврони наву ташаккули инсони нав дар кишвари кӯҳистони тоҷик зиндаву хотирмон ва табиӣ ба тасвир омадааст. Мавзуи асосии достон муборизаи беамони наву кӯҳна аст. Дар тасвири аробаи равон ва Ҳасани аробакаш мо гузашти вақту замонро дар партави манзараҳои хотирмони табиату зиндагӣ мисли як наворе шавқовару хотирмон мебинем. Тадриҷан бо роҳандозию тасвири характерҳои қаҳрамонон, тазодҳои рӯзгор, монеаҳои пешомада ва ҳалли онҳо мо шоҳиди пирӯзии замони нав, пирӯзии тараққиёт ва диду андешаи нав бар кӯҳна мегардем ва инҳо ҳама таъсирноку боварбахш ба қалам меоянд. Рамзи замони кӯҳна-аробаи Ҳасан ва шахсияти ӯ; рамзи замони нав – мошинаи ихтироъкардаи инсон, ки ҷои аробаро пайваста танг кардаву мегирад, дар достон бо амалиёте, ки гузашти вақтро бо нишот ва дарду ҳасратҳои бохудоварда тасвири бадеӣ ва воқеӣ ёфтаанд, таҷассум мешаванд. Ва дар ин роҳи пурдарди зиндагӣ як пора нур ва рӯшноие, ки бо номи Садаф пайдо мешавад, рамзи ишқ аст, ки ҳамеша ба сарвақти инсон меояд.

Тасвирҳои шоир қариб дар ҳама ҷо тасвирҳои муқаррарӣ нестанд, таҳтониву рамзиянд, борҳоеро мебардоранд, мисли:

Шодии ӯ накард дер давом,
Боз омад машинаву бигзашт,
Боз мондем бо аробаи худ,
Дар миёни ғуборҳои дашт.

Ин тасвири ру ҳияи замон аст, ки шоирона ба қалам омадааст.

Дар тасвири аз ароба гузаштани мошин ҳам фоҷиаи замони куҳан ва ҳам пирӯзии замони нав тасвир ёфта, гузашти мошин аз ароба дар гузашта мондани кӯҳнаву фаро расидани даврони нав аст:

Кард пинҳон сутуни ғафси чанг
Худи моро, аробаи моро.
Ҳасан аз шиддати алам мезад
Аспи бечораро накарда ибо.
Нангаш омад, ки аспи номии ӯ
Хешро аз машина оҷиз сохт.
Аспро сигнали баланди машин
Сахт тарсонду дар қафо андохт.

Ҷои баҳс нест, ки ҳар вожа: сутуни ғафси чанг, худи мо, ароба, аспи бечора, сигнали баланди машин, тарс, дар қафо андохтан… инҳо ҳама рамзҳои замонаро ифода мекунанд, ки ҳоҷати шарҳашон нест.

Метавон дар хусуси характерофарии шоир, тасвири чеҳраҳои инсонӣ, муносибатҳо, суннатҳо, рангҳои мухталифи тасвири зиндагӣ хеле андешаронӣ кард. Достон барои пажӯҳиши ин ва дигар ҷанбаҳо мавзуъҳои фаровон медиҳад.

Албатта, он ҷойе, ки килки устод Турсунзода суханофаринӣ кардааст, тиҳӣ аз тасвирҳову суварҳои шоирона наметавонад буд. Чанд далел:

Парча-парча замини сабз ба чашм
Буд мисли палоси серямоқ,
Дар китоби саодати халқӣ
Бувад аммо чу хати заравроқ.

***

Гар нишинад ба асп, дар наздаш
Бодро, раъдро мутеъ кунад,
Бағали танги кӯҳсоронро
Аз қадамҳои худ васеъ кунад

***

Тоқа-тоқа чанорҳои сабз
Хизмати одилона мекарданд.
Ҷониби мо насими форамро
Гоҳ-гоҳе равона мекарданд.

***

Дами мурғакравии майсаи кӯҳ
Мавҷи дарё ба ёд меояд…

Зиёданд чунин мисолҳо. Аммо ҳадафи мо нишон додани тозакориву навовариҳои ҳунармандона дар осори Мирзо Турсунзода буд. Барои далели навовариҳои шоир метавон аз ашъори дигари ӯ низ мисолҳои фаровон овард. Қариб аксари кулли шеърҳои алоҳидаи шоир, манзума ва силсилашеърҳои дигари ӯ “Духтари муқаддас”, “Қиссаи Ҳиндустон”, “Ман аз Шарқи озод” дар адабиёти тоҷик ва ба ин васила дар адабиёти ҷаҳон падидаи наву тозаи замони худ буданд ва зербуни мустаҳкаме барои эҷодиёти шоирони дигари мо гузоштанд. Мо аминем, ки имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанду ба дарди мардум мехуранд.

Бояд таъкид кард, ки ашъори Мирзо Турсунзода на танҳо падидаи нави замони худ буд, балки дар ҷодаҳои сулҳу дӯстӣ ва баҳамоиву ягонагии миллатҳои ҷаҳон хизмати бузурге кард. Ва ба такрор метавон таъкид намуд, ки ашъори навоваронаи устод Турсунзода на танҳо дар тарбияи милливу худшиносии халқи мо, дар парвариши идеяҳои баланди инсониву башарӣ дар байни хонандагони кишварҳои дигар низ саҳми мондагор дорад, балки бо заминае, ки эҷодиёти ӯ дар адабиёти мо гузошт, дар шеъри муосири мо гардиши нави ҳунариву забониву идеявӣ ба амал омада, майдони шеъри кунуниамонро ба парвозгоҳи истеъдодҳои ҷавон табдил дод.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

Март 1, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?