МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст

Март 1, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 01.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Фаромӯшхотирӣ (ё амнезия) бемории равонӣ аст, ки бо гум кардан,  ба ёд наовардани маълумот ё таҷрибаҳои гузашта алоқаманд мебошад. Он метавонад ҳолати муваққатӣ ё нишонаи дигар бемориҳо бошад. Инчунин омилҳои гуногун, аз ҷумла осеби мағзи сар ва осеби равонӣ метавонанд сабаби фаромӯшхотирӣ гарданд. Табиби асабшиноси Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» Фариддун Абдуллоев омилҳои фаромӯшхотирӣ ва роҳҳои пешгирии онро чунин шарҳ дод:

— Фаромӯшхотирӣ дар аввал метавонад яке аз нишонаҳои бемориҳои дигар бошад. Зеро дигар бемориҳо ба системаи асаб таъсири манфӣ мерасонанд ва инсон оҳиста-оҳиста фаромӯшхотир мешавад. Дар шароити имрӯза фаромӯшхотирӣ ҳам дар калонсолон ва ҳам дар ҷавонон мушоҳида мегардад.

Омилҳои гирифтор шудан ба фаромӯшхотирӣ кадомҳоянд?

         Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон- ин тағйироти синнусолӣ, тағйироти музмини гардиши хун дар майнаи сар ё дигар бемориҳое мебошад, ки инсон ба онҳо гирифтор шудааст. Яъне, осеби косахонаи сар, гузаронидани сактаи майнаи сар, бемориҳои сироятие, ки ба маркази асаб таъсири манфӣ мерасонанд, сабаби фаромӯшхотирӣ метавонанд бошанд.

Омили фаромӯшхотирии ҷавонон тарзи нодурусти ҳаёти солим,  хоби кофӣ нарафтан, аз андоза зиёд истифода намудани сигор, майхӯрӣ ва дигар маводе мебошад, ки ба системаи асаб таъсир мерасонанд. Инчунин нӯшидани нӯшокиҳои энергетикӣ низ метавонад хотираро суст гардонад.

Бемории фаромӯшхотирӣ дар кӯдакон ва наврасон низ мушоҳида мегардад. Яке аз омилҳои дигари он   истифодаи зиёди телефонҳои мобилӣ ё тамошои филмҳои тасвириест, ки хусусияти даҳшатнок доранд ва ба системаи асаб таъсир мерасонанд.

Фаромӯшхотирӣ пешгирӣ ё табобат мешавад?

Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки яке аз роҳҳои пешгирии фаромӯшхотирӣ- ин дар як рӯз мутолиа намудани чанд саҳифаи китоб ё рӯзнома мебошад. Дар ин ҳолат ҳуҷайраҳои майнаи сар, ки дар ҳолати нофаъол ҳастанд, фаъол гардида, ба фаромӯшхотирӣ  таъсири мусбат мерасонанд.

Барои  фаромӯшхотирӣ ягон дору вуҷуд дорад?

Ба иттилои мутахассисон, барои фаромӯшхотирӣ доруҳои мушаххас вуҷуд надоранд, табобатҳо метавонанд барои рафъи шароити аслӣ ё нишонаҳои алоқаманд, ба монанди изтироб ё афсурдаҳолӣ муқаррар карда шаванд. Барои шахсе, ки ба фаромӯшхотирӣ гирифтор шудааст, муҳити мусоид, ҳавасмандгардонии реҷа ва машғул шудан ба фаъолияти мустаҳкамкунандаи хотира кумак мерасонанд.

Кадом амалҳо ба беҳтар шудани хотира кумак мерасонанд?

Машғулияти мунтазами ҷисмонӣ, истеъмоли ғизои солим,  дастгирии маърифатӣ, яъне хондани китоб ва ё азёд намудани мисраи шеър, истеъмоли ғизои солим ва фаъолияти ҷисмонӣ метавонанд ёддоштро беҳтар кунанд. Кам кардани асабоният ва ба варзиши  йога машғул шудан, инчунин хоби кофӣ ва дуруст ба функсияи мағз кумак мекунанд. Афсурдагӣ, норасоии витаминҳо ва тағйироти ба синну сол вобаста метавонанд фаъолияти майнаи сар ва ё хотираро кам намоянд.

Инчунин ҳангоми  нарасидани об дар организми инсон дар навбати аввал мағзи сар осеб мебинад.  Аз ин рӯ аз чой, қаҳва ё нӯшокиҳои газноке, ки мо давоми рӯз менӯшем,  бояд даст кашиду бештар аз оби ошомиданӣ истифода бурд.

Заифшавии хотира метавонад  боиси  аз  меъёр зиёд асабонӣ шудани шахс   гардад. Ҳангоми асабоният системаи асаб витамину минералҳои худро гум мекунад.  Аз ин рӯ мебояд, ки  сабзавоту меваҷоти пур аз витаминро бештар истеъмол намоем.

Яке аз сабабҳои дигари фаромӯшхотирӣ, ки дар байни калонсолон дида мешавад, бемории Алтсгеймер мебошад. Ин бемориро дар тибби муосир табобатнашаванда меҳисобанд. Инчунин  бемориҳои вайроншавии музмини гардиши хун, атеросклерози мағзи сар ва паркинсонизм  низ сабаби  фаромӯшхотирӣ мегарданд. Ин бемориҳо асосан ба калонсолон хос буда, бо  роҳи  истифодаи дору ва маслиҳатҳое, ки табибони асабшинос  медиҳанд, табобат карда мешаванд.

Агар фаромӯшхотирӣ шиддат гирад, барои гирифтани машварат ба табиб ё мутахассис-невролог муроҷиат намоед.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 1, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ОФТОБИ МУҲАББАТИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ НЕРУГОҲИ «РОҒУН»
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
ШЕЪРИ ТУРСУНЗОДА БӮИ ИШҚ, БӮИ ҶАВОНМАРДӢ ВА БӮИ ВАТАН МЕКУНАД. Эҳдо ба 115-солагии Мирзо Турсунзода
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст