«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд

Март 6, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агентии байналмилалии рейтингии «Moody’s Ratings» рейтинги дарозмуддати соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дараҷаи «B2» баланд бардошта, дурнамои онро «устувор» арзёбӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Тоҷикистон аз соли 2014 инҷониб бо Агентии байналмилалии рейтингии «Moody’s Ratings» ҳамкорӣ дошта, ба сатҳи «B2»  баланд гардидани рейтинги соҳибихтиёрӣ нахустин маротиба ба қайд гирифта мешавад. Ин дастовард натиҷаи пайгиронаи татбиқи сиёсати мутавозини макроиқтисодӣ ва ислоҳоти сохторӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад.

Тибқи арзёбии агентии рейтингӣ, беҳтар шудани рейтинг аз дараҷаи «B3»  ба дараҷаи «B2» ба рушди устувори иқтисодии мамлакат дар солҳои охир, таҳкими мавқеи молиявию буҷетӣ ва нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои мусбати макроиқтисодӣ вобаста аст.

Дурнамои «устувор» инъикоскунандаи интизориҳои мусбати агентии рейтингӣ нисбат ба идомаи сиёсати оқилонаи молиявию буҷетӣ ва ҳифзи суботи макроиқтисодӣ дар давраи миёнамуҳлат мебошад. Ҳамзамон идомаи татбиқи ислоҳоти иқтисодию сохторӣ, коҳиш додани хавфҳои марбут ба устувории қарз ва таҳкими идоракунии молияи давлатӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба беҳтар гардидани арзёбии рейтинги мамлакат мусоидат кардаанд.

Баланд гардидани рейтинги соҳибихтиёрии қарзии мамлакат бозгӯи эътимоди шарикони байналмилалӣ ва бозорҳои молиявӣ ба сиёсати макроиқтисодӣ ва суботи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои густариши имконияти ҷалби сармоя, коҳиш додани арзиши қарзгирӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи молиявии байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

 АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Март 6, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад