Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳунармандони театр намоишномаи «Зангирӣ ё дамгирӣ»-и драматург Султон Сафарро, ки дар таҳияи саркоргардони театр Қурбонмуҳаммад Шукуров рӯи саҳна омадааст, манзури тамошобинон қарор медиҳанд.
Ташкил ва баргузор намудани чунин сафарҳои ҳунарӣ дар таҳкими равобити фарҳангии ҷумҳуриҳои ба ҳам дӯсту бародари Тоҷикистону Узбекистон нақши босазо мегузорад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






