Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Март 14, 2026 09:20

ДУШАНБЕ, 14.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 март дар Институти байналмилалии Осиёи Марказии шаҳри Тошканд дар мавзуи «Узбекистон ва Тоҷикистон: дурнамои нави ҳамкории иттифоқӣ ва минтақавӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Конференсия бо ибтикори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ гузаронида шуд.

Мақсади баргузории он муҳокимаи вазъи кунунӣ, дурнамои рушди шарикии Тоҷикистону Узбекистон ва таҳияи пешниҳодҳои коршиносӣ барои ғанигардонии рӯзномаи дуҷониба дар сатҳи олӣ арзёбӣ гардид.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода зимни конференсия ибоз дошт, ки таҳкими муносибатҳои иттифоқӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон омили муҳими таъмини субот ва рушди устувори Осиёи Марказӣ мебошад.

Ҳамкорӣ байни ду давлат пайваста густариш ёфта, соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёту логистика, энергетика, маориф ва фарҳангӣ-гуманитарӣ фаро мегирад.

«Қадами муҳим дар рушди муносибатҳои ду мамлакат- ин имзо шудани санади муҳими таърихӣ, яъне «Аҳднома оид ба нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатии се кишвар» байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон мебошад. Ин қарор воқеан равандҳои чандсолаи ҳалли масоили марбут ба муайянкунии сарҳадҳои се давлат дар водии Фарғонаро ба анҷом расонид», – гуфта шуд дар конференсия.

Таъкид шуд, ки ин созишнома барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба заминаи устувор фароҳам оварда, принсипҳои калидии ҳамкорӣ байни давлатҳоро муайян намуд.

Дар ҷараёни конференсия изҳор шуд, ки солҳои охир муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон бо суръати баланди ҳамкории амалӣ тавсиф мешаванд. Қадами муҳим дар ин раванд имзои «Созишнома оид ба муносибатҳои иттифоқӣ» дар соли 2024 буд, ки заминаи марҳилаи нави ҳамкории дуҷонибаро гузошт.

Конфронс аз се бахши асосӣ иборат буд, ки ба рушди шарикии ҳамсоягӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёт, маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ бахшида шуд.

Дар натиҷаи муҳокимаҳо иштирокчиён барои рушди минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон пешниҳодҳои амалӣ таҳия намуданд. Ин пешниҳодҳо соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, ҳамкории саноатӣ ва рушди сармояи инсониро дар бар мегиранд.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 14, 2026 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»