Оид ба сиёсишавии дин ва хатари он ба суботи иҷтимоӣ ва амнияти фарҳангии ҷомеа конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

Март 30, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 30.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи май дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Сиёсишавии дин ва хатари он ба суботи иҷтимоӣ ва амнияти фарҳангии ҷомеа» конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ иттилоъ доданд, дар конференсия масъалаҳои муҳими назариявӣ ва амалӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд. Аз ҷумла, моҳият ва хусусияти сиёсишавии дин дар замони муосир, мушкилот ва пайомадҳои сиёсишавии дин ва динишавии сиёсат дар ҷомеаҳои муосири исломӣ, инчунин хатари сиёсишавии дин ба фарҳанги суннатии динии тоҷикон таҳлил карда мешаванд. Ҳамзамон таваҷҷуҳи махсус ба омӯзиши мазҳаби ҳанафия ва муносибати он ба масъалаи давлат ва ҳокимият, инчунин таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар таълимоти ин мазҳаб зоҳир карда мешавад.

Илова бар ин дар доираи конференсия масъалаҳои марбут ба заминаҳои сиёсӣ-иҷтимоии сиёсишавии дин дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, модели муосири дунявият, давлат дар Тоҷикистон ва нақши он дар ҳифзи арзишҳои динии анъанавии шаҳрвандон, масъалаи озодии виҷдон ва озодии ақида дар давлати дунявӣ, инчунин масъалаи ҷудоии дин ва давлат дар таълимоти намояндагони мактаби секуляризм (дунявигароён) мавриди баррасии амиқи илмӣ қарор мегиранд.

Дар конференсия муҳаққиқон, донишмандон ва коршиносони соҳаи фалсафа, диншиносӣ, сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ аз дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.

АКС: Dushanbe-travel

Март 30, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни ориëӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
НАВРӮЗ — РАМЗИ ДӮСТӢ ВА СУЛҲ БАЙНИ МАРДУМОН. Дар Институти астрофизика ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи ташаккули ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Масоили муҳими идоракунии захираҳои об бо намояндагони Маркази минтақавии СММ баррасӣ гардид
Оид ба эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти давлат табдил ёфтааст