Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим» бо иштироки доираи васеи олимону коршиносон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз академия.
Конференсия ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани 21 март ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бахшида шуд. Иброз гардид, ки пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тоза дар шароити тағйирёбии иқлим ба омӯзишу ҳифз ва идоракунии самаранок эҳтиёҷ доранд.
Дар доираи ҷаласаи ифтитоҳӣ ва бахшҳои мавзуӣ масъалаҳо оид ба обу экология, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пиряхҳо ҳамчун манбаи устувори об: ҳифз ва истифодаи оқилонаи онҳо, нақши иқтисоди “сабз” дар коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим, зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи ҳифзи мероси табиии яхбандӣ, аҳамияти омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар замони муосир ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокдорон саҳми беназири Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули «Дипломатияи об» ва «Рӯзномаи ҷаҳонии об» таъкид намуданд. Иброз гардид, ки силсилаташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва Даҳсолаи омӯзиши илмҳои криосферӣ (2025-2034) ҳамчун платформа ба таҳкими ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои марбут ба онҳо мусоидат менамоянд. Дар ин замина ба тақвияти ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ, татбиқи тавсияҳои илмӣ, мубодилаи таҷриба ва таҳияи стратегияҳои муштарак барои мутобиқшавӣ ба шароити зудтағйирёбандаи иқлим ҳамчун самтҳои афзалиятнок таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд






